Фадеев: консепсияи ҳуқуқи башар сокинони Донбассро ҳимоя намекунад

© Sputnik / Нина ЗотинаСоветник президента РФ, председатель Совета при Президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев
Советник президента РФ, председатель Совета при Президенте РФ по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Сардори Шӯрои ҳуқуқи башар Фадеев Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро як ҳуҷҷати корношоям номид
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Роҳбари Шӯрои ҳуқуқи башар, Валерий Фадеев эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқу озодиҳо ва ниҳодҳои ҳифзи онҳоро санади ғайрифаъол медонад, зеро он аз ҳуқуқи сокинони Донбасс ҳимоят карда натавонист.
"Ҳуқуқи башар. Агар ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар кор мекарданд, ҳуқуқи сокинони Донбассро ҳимоя мекарданд. Аз ҳуқуқи сокинони Донбасс бо сухан дифоъ кардан нашуд, онҳоро бо силоҳ дифоъ намуданд. Ин баҳодиҳии хеле рӯшан ва фаҳмо аст, ки имрӯз муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон кор мекунанд", - афзуд Фадеев дар форуми "Маънои нав, воқеияти тоза".
Раҳбари ШҲБ суол гузошт, ки чаро ин созмонҳо дар амал кор намекунанд? Ӯ гуфт эъломияи ҳуқуқи башар ва институтҳои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ҳама аз силоҳ истифода мебаранд ва мисолҳои рӯшан зиёданд.
Обломки украинской ракеты Точка-У в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Ҳамлаи Русия дар Донбасс: марз ва дурнамои нав
Форуми байалмилалии "Маънои нав, воқеияти тоза" рӯзи 24 май дар Маскав бо иштироки намояндагони Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, блогнависону фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамчунин роҳбарони хабарнигорони ВАО -и марказӣ баргузор гардид.
Созмондиҳандаи форум медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" мебошад.
Дар байни мавзӯҳои асосии форум мушкилоти шадидтарини замони мо, аз қабили мубориза бо миллатгароён, ҷангҳои иттилоотӣ, стандартҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи инсон, фактшиносӣ ва зарурати муқовимат ба таҳрифҳои таърихӣ мебошанд.
Дар доираи форум ҳамчунин дар маркази матбуотӣ намоишгоҳи аксҳои "Ҳаёти нав. Оғоз" кушода шуд.
Он бар пояи аксҳои аксбардорони "Россия сегодня" дар бораи минтақаҳое, ки пас аз амалиёти вижаи Русия озод шудаанд, таҳия шудааст.
Лентаи хабарҳо
0