Ҳамлаи Русия дар Донбасс: марз ва дурнамои нав

© Foto / Telegram / The Donbas People's MilitiaОбломки украинской ракеты "Точка-У" в Донецке
Обломки украинской ракеты Точка-У в Донецке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Коршиноси низомии Sputnik мегӯяд, сарфи назар аз кумакҳои чандмиллиардии амрикоӣ ба Киев амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия бомуваффақият рушд мекунад
Нерӯҳои Русия аз ҷиҳати тактикӣ ва технологӣ дар майдони ҷанг бартарӣ доранд ва ноил шудан ба ҳама ҳадафҳои ба миён гузошташударо пешакӣ муайян мекунанд, бинобар ин шикасти қувваҳои мусаллаҳи Украина ногузир аст.
Тақрибан 16 000 сарбози украинӣ дар наздикии Северодонетск ва Лисичанск ба муҳосира афтоданд. Тирандозҳои савора, танкчиён, воҳидҳои тӯпхонаӣ, таъиноти махсус, ҳавоӣ, нерӯҳои ҳавоӣ ва флоти дарёии Русия аритши Украинаро дар Донбасс ба таври усулӣ барҳам медиҳанд.
Шиддати зарбаҳои мушакӣ ба инфрасохтори ҳарбӣ - ба тамоми умқи пушти амалиётии қувваҳои мусаллаҳи Украина меафзояд. Дирӯз дар вилояти Лвов — 20 километр дуртар аз сарҳади Лаҳистон ба нуқтахои истироҳат ва яроқу аслиҳа зарба заданд. Имрӯз коргоҳе дар Бахмут тахриб шудааст, ки он ҷоро қувваҳои мусаллаҳи Украина анбори яроқу аслиҳа карда буданд.
Денежные купюры США и банковские карты международных платежных систем VISA. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Ба Осиёи Марказӣ чӣ мешавад, агар Ғарб бо таҳримҳо зарба занад: пешгӯии коршинос
Кӯмаки низомии Ғарб ба режими Киев вазъро тағйир намедиҳад – силоҳҳои НАТО дар қаламрави Украина нобуд карда мешаванд. Воридоти калибрҳои “Оникс” бештар дар вилоятҳои Николаев ва Одесса ба мушоҳида мерасад, ки ба мо имкон медиҳад, афзалиятҳои амалиёти махсуси Русияро барои давраи тобистон пешгӯӣ кунем.
Ба мавқеъҳои душман дар шимоли вилояти Харков, ки дар он ҷо воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ талош доранд, ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ анҷом дода мешавад.
Рӯҳияи аскарони Украина рӯз то рӯз паст шуда истодааст ва "каҳрамонона" таслим шудани 256 "киборг"-и отряди фашистии "Азов" барои бисёр сарбозони қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НМУ намуна аст. Тақрибан 5 000 низомии украинӣ аллакай дар асорат қарор доранд.
Қаблан мушовири низомии амрикоӣ, фармондеҳи собиқи нерӯҳои амалиёти вижа адмирал Эрик Олсен ба нерӯҳои Русия таслим шуда буд. 15 май дар Рубежное боз 7 нерӯи махсуси Амрико (зархарид) кушта шуданд. Сарнавишти се мушовири низомии бритониёӣ дар Донбасс номаълум аст.
Дар ин замина генерали Бундесвер Эрих Вад изҳор дошт: Русҳо ҷараёни амалиёти ҷангиро муайян мекунанд ва бо нерӯи 100-ҳазорнафарӣ “дар фронт дар Донбасс ба масофаи тақрибан 500 километр пеш мераванд”. Яъне онҳо на аз рӯйи шумора, балки бо маҳорат ва бартарии технологии аслиҳаи Русия пирӯз мешаванд.

Ғарб кӯмак намекунад

Украина дар ду моҳ арсеналҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро ба таври ҷиддӣ хароб кард - захираҳои дарозмуддат сӯхтаанд ва дар уфуқ ҳеҷ чиз мисли "ғалаба" вуҷуд надорад.
Барои аз нав барқарор намудани захираи “Javelin” ва “Stinger”-ҳо ба америкоиён ду-панҷсола лозим мешавад. Дар баробари ин як қисми зиёди яроқи амрикоӣ, ки тавассути Киев транзит карда мешуд, ба мамлакатҳои Африқо мерасиданд.
Бо вуҷуди ин “Stinger”, системаҳои зиддитанкии “Javelin” ва мушакҳои сайёри зиддитанкии Шветсия-Бритониё NLAW, ки беназорат ба тамоми ҷаҳон фиристода мешаванд, базудӣ ба дасти террористон дар қаламрави кишварҳои НАТО мерасанд.
Боевая машина поддержки танков (БМПТ) Терминатор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Терминатор" дар Украина: Русия пурқувваттарин силоҳро дар амалиёти вижа истифода кард
Аз сӯйи дигар Украина обрӯи аслиҳаи Ғарбро нобуд мекунад. Сарфи назар аз мамнуияти фармондеҳӣ низомиёни украинӣ силоҳҳои кӯҳна, беэътимод ва бесамари Ғарб - зиреҳпӯшҳои амрикоии M113, таҷҳизоти низомии зиддиҳавоии Бритониё, танкҳои Лаҳистон ва Чехия таппончаҳои худгард, норинҷакандозҳо ва ҳатто системаҳои зиддитанкии “Javelin”-ро танқид мекунанд.
Ҳавопаймоҳо ва сомонаҳои дифои ҳавоии боқимонда аз даврони Паймони Варшав, ки ахиран дар тамоми саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ ва тавассути кишварҳои узви НАТО ба Киев таҳвил дода шуданд, ба таври лаҳзаӣ амал мекунанд. Онҳо ба мавқеи тирпарронӣ, ба нишондодҳои нерӯҳои истихборотии НАТО, яъне ба режими пассив мераванд. Радари равшанкунанда фавран пеш аз cap додани мушакҳо ба кор андохта мешавад.
Бо вуҷуди ин нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Русия фазои ҳавоии Украинаро комилан назорат мекунанд. Дар ҷараёни амалиёти махсус самаранокии баландтарини системаҳои зиддимушакии Русия тасдиқ карда шуд ва ояндаи ҳавопаймои аз ҷиҳати технологӣ номукаммали амрикоии MQ-9 “Reaper” хатти батлон кашида шуд. Обрӯи "Байрактар-ТБ2"-и туркӣ дар осмони Украина бурда шуд - даҳҳо адад аз онҳо сарнагун карда шуданд.
Аз оғози амалиёти махсуси ҳарбӣ 168 ҳавопаймо, 125 чархбол, 912 ҳавопаймои бесарнишин, 309 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 3134 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 385 ракетабаранда, 1542 тӯпхонаи саҳроии қувваҳои мусаллаҳи Украина мунҳадим шуданд.
Заместитель секретаря Совета безопасности РФ Рашид Нургалиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Нургалев: Ҳатто дар даврони ҷанги сард Ғарб ба Русия ин қадар таҳдид накарда буд
Ҷанги иттилоотии зидди Русия дар Вашингтон, изҳороти бемулоҳизаи мақомоти баландпояи ИМА дар бораи имкони вуруди зуди Украина ба НАТО, орзуҳои режими Киев дар бораи ҳамлаи моҳи июли Қувваҳои Мусаллаҳи Украина - ҳамаи ин наметавонад ошкорро пинҳон кунад: "Ҷанги салиби Байден алайҳи Путин " дар Украина ноком мешавад.
Дигар хел шуданаш мумкин набуд. Ҳадафи Ғарб – “шикасти Русия дар даргириҳои Украина” – амалиношуданист. Иёлоти Муттаҳида аллакай як шикасти навбатии стратегӣ гирифт ва муттаҳидони аврупоӣ тахмин мезананд, ки ин поёни гегемонияи Амрико аст, як низоми нави ҷаҳонӣ - амнияти баробар ва тақсимнашаванда имрӯз аз ҷониби Русия эҷод мешавад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0