Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Созмони Паймони Амнияти Даситаҷамъӣ тавсеаи блоки низомиро шарти муҳими афзоиши ташаннуҷ ва низомигардонии минбаъдаи минтақа медонад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. СПАД барои вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ дар робита ба тавсеаи НАТО нерӯ ва воситаҳои кофӣ дорад.
Дар ин бора дабири кулли ин созмон Станислав Зас дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Беларусь 1" дар шарҳи нақшаҳои воридшавии Шветсия ва Финландия ба НАТО изҳор дошт.

"Оё мо бояд дар ин вазъият иқтидори қудрати худро таҳким диҳем? Мо барои вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки воқеан, дар ин вазъ (вақте ки аъзои нав ба НАТО ворид мешаванд - ред.) зуҳур хоҳанд кард, нерӯ ва василаи кофӣ дорем? Ҳоло чунин суол дар дарстури кор нест (дар бораи сохтмон блоки қудратии СПАД - ред.)", - гуфт Зас.

Ба гуфтаи ӯ, "вазъият хеле ҷиддӣ аст, ҷаҳон туфон дорад".
Дабири кулли созмон гуфт: "Албатта, мо ин тавсеаро як шарти аслии афзоиши ташаннуҷ ва низомисозии минбаъдаи минтақа медонем. Ин ба таҳкими амният, аз ҷумла кишварҳои узви НАТО хидмат намекунад".
Зас дар шарҳи фишорҳои Ғарб болои Русия ва Беларус қайд кард, ки узвият дар СПАД кафолати ҳимоят аз фишорҳои иқтисодӣ ва таҳримҳо нест.
Аз ПАД то СПАД: 30-соли Паймони амнияти дастаҷамъӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
СПАД дар масири тавсеаи қудрат
"Аммо СПАД дар ин вазъият хатти сурхеро муайян мекунад, ки убур кардан аз он ғайриимкон аст. Ин омили боздоштани созмони мо дар ин вазъ аст. Дар муқовимат маҳдудиятҳои муайян вуҷуд доранд - иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ - аз он берун шудан мумкин нест, пас мо аллакай дар бораи таҳдидҳои низомӣ ҳарф мезананд", - гуфт ӯ.
Зас гуфт, ки СПАД як созмони муташаккили байналмилалӣ буда, хеле муассир ва бисёрcамта мебошад.
“Яъне ин на танҳо як блоки ҳарбию сиёсӣ, балки як созмони бисёрсамтаест, ки аз таҳдидҳои дигар ҳимоят мекунад. Ва боз як чизи хеле муҳим он аст, ки мо механизмҳо ва заминаи ҳуқуқии вокуниш ба бӯҳроро фароҳам овардем, ки дар ин самт қувваҳо ва воситаҳо дорем. Дар умум мо дар айни замон ҳамаи имкониятҳоро дорем, ки ҳамчун кафили амнияти давлатҳоямон хизмат кунем. Ва ба назари ман, мо воқеан як сипари хубе барои ҳамаи шаш кишвар ҳастем", - таъкид кард дабири кул.
Флаги стран-участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0