https://sputnik.tj/20220519/zas-spad-ba-tahkimi-hamkoriho-bo-shsh-umed-dorad-1048554180.html
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас бо Чжан Минг, раиси Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот ва рушди ин созмонро мусбат арзёбӣ кард
2022-05-19T09:00+0500
2022-05-19T09:00+0500
2022-05-19T12:39+0500
спад
сҳш
амният ва мудофиа
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048550158_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_0439cf7dc730ceeeae283c526d02299c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дабири кулли СПАД Станислав Зас гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба таҳкими шарикӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай умедвор аст. Зимни мулоқот бо Чжан Минг, раиси Созмони Ҳамкории Шанхай қайд кард, ки СПАД рушди ин созмонро аз наздик пайгирӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 май дар Маскав нишасти котибони кулли СПАД ва СҲШ баргузор шуд. Мавзуъҳои аслии музокирот мубориза бо терроризм, ҳифзи амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ба имзо расида, дар соли 2002 тасмим гирифта шуд, ки он ба созмони байналмилалӣ - СПАД табдил дода шавад. Дар ҳоли ҳозир шаш давлат: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220517/spad-masiri-tavseai-qudrat-1048509907.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/12/1048550158_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_816200aaa7099266ed3703c928c899f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зас спад ҳамкорӣ сҳш
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
09:00 19.05.2022 (Навсозишуда: 12:39 19.05.2022) Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас бо Чжан Минг, раиси Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот ва рушди ин созмонро мусбат арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дабири кулли СПАД Станислав Зас гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба таҳкими шарикӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай умедвор аст.
Зимни мулоқот бо Чжан Минг, раиси Созмони Ҳамкории Шанхай қайд кард, ки СПАД рушди ин созмонро аз наздик пайгирӣ мекунад.
"Қудрати СҲШ ба принсипҳои хеле солиме, ки дар замони таъсиси он гузошта шуда буданд: риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтиром ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, бунёди фазои ягона ва ягонаи амниятӣ вобаста аст", - гуфт Зас.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 май дар Маскав нишасти котибони кулли СПАД ва СҲШ баргузор шуд. Мавзуъҳои аслии музокирот мубориза бо терроризм, ҳифзи амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ба имзо расида, дар соли 2002 тасмим гирифта шуд, ки он ба созмони байналмилалӣ - СПАД табдил дода шавад. Дар ҳоли ҳозир шаш давлат: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд.