СПАД дар масири тавсеаи қудрат

Обуна шудан
Дар даҳсолаҳои ахир СПАД ба таври назаррас қудратмандтар шуда, хамчун сохтори мудофиавӣ дар минтака обрӯи сазовор гирифт
Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо имзои созишномаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ оғоз шуд. Онро 15 майи соли 1992 дар Ӯзбекистон руасои ҷумҳури Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расониданд.
Дар соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СПАД шомил шуданд ва ин санад як сол пас эътибори қонунӣ пайдо кард.
Аз амният то тиҷорат: сабти мулоқоти Путину Раҳмон - видео
Ҳанӯз 14 майи соли 2002 Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав тасмим гирифт, ки ба Созишнома мақоми созмони байналмилалии минтақавӣ диҳад.
Имрӯз СПАД чист, ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомиланд – ба тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бингаред.
Раисҷумҳури Русия вазъ дар Осиёи Марказиро ҳассос гуфт
“Агар яке аз давлатҳои узви СПАД мавриди таҳоҷуми давлат ё гурӯҳи кишварҳо ғайр қарор бигирад, ин таҷовуз ба муқобили ҳамаи давлатҳои ин созмон дониста мешавад. Бинобар ин дигар кишварҳои узви ин паймон кумакҳои низомии лозимро ироа хоҳанд кард”, - гуфта мешавад дар моддаи калидии ин созишнома.
Бояд гуфт, ки аз соли 2004 инҷониб СПАД дар Маҷмаи Умумии СММ мақоми нозирро гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0