https://sputnik.tj/20220523/qonunisozi-ghasb-ukraina-lahiston-1048651518.html
ВУХ Русия аз нияти Зеленский барои қонунисозии ғасби Украина аз сӯйи Лаҳистон гуфт
ВУХ Русия аз нияти Зеленский барои қонунисозии ғасби Украина аз сӯйи Лаҳистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия иқдоми мақомдорони Киев барои қабули созишномаҳои ҷадидро қонунӣ кардани ғасби Украина аз сӯи Лаҳистон хонд
2022-05-23T19:40+0500
2022-05-23T19:40+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
лаҳистон
мария захарова
ихтиёрӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_0:6:2700:1525_1920x0_80_0_0_b17f662c1d3f9eea74628a3b280cbea4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Радаи Болоӣ дар бораи мақоми махсуси ҳуқуқии шаҳрвандони Лаҳистон дар Украинаро нақзи соҳибихтиёрии ин кишвар гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Лоиҳаи Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистон дар Украина пешниҳоди парлумон шудааст. Инчунин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз имзои созишнома бо Лаҳистон дар мавриди убури содаи сарҳад хабар дода, таъкид намуд, ки миёни давлатҳо набояд марзу монеае мавҷуд бошад. Вай изҳори бовар намуд, ки мардуми Украинаю Лаҳистонро аз нигоҳи рӯҳия ҷудо намекунанд. Дипломат ҳамчунин қайд кард, ки "соҳибихтиёрии Украина касеро дар Банкова ташвиш намедиҳад, масъалаи асосӣ на чӣ гуна нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, балки ба кӣ додани он аст". "Натиҷаҳои дуюмдараҷае низ ҳастанд, ки чӣ қадар, чанд бор ва то чӣ андоза амиқ бояд ҳамгироиро дар шакли барои Ғарб мувофиқ анҷом дод", - илова намуд Захарова. Вай афзуд, режими Киев бо баҳонаи ҳифзи ҳувияти худ онро хароб кардааст ва мисол овард, ки "ҳашт сол худиҳоро ҳадафи тир қарор доданду ҳоло кори бесобиқаро анҷом медиҳанд - амалан ғасби кишварашро қонунӣ мекунад". Ин дар ҳолест, ки ахиран Олга Совгиря, вакили парлумони Украина гуфт, Зеленский аз пешниҳоди лоиҳаи Қонун дар бораи мақоми махсуси ҳуқуқии шаҳрвандони Лаҳистон дар Украина хабар дод.
https://sputnik.tj/20220522/namoyanda-qrim-ukraina-shakli-peshina-1048625773.html
лаҳистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046352693_187:0:2544:1768_1920x0_80_0_0_ced6b88deb7d9937e4c5ed7cebe0b0f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, ғасб, украина
ВУХ Русия аз нияти Зеленский барои қонунисозии ғасби Украина аз сӯйи Лаҳистон гуфт
19:40 23.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия иқдоми мақомдорони Киев барои қабули созишномаҳои ҷадидро қонунӣ кардани ғасби Украина аз сӯйи Лаҳистон хонд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Пешниҳоди лоиҳаи қонун ба Радаи Болоӣ дар бораи мақоми махсуси ҳуқуқии шаҳрвандони Лаҳистон дар Украинаро нақзи соҳибихтиёрии ин кишвар гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.
Лоиҳаи Қонун дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Лаҳистон дар Украина пешниҳоди парлумон шудааст.
Инчунин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз имзои созишнома бо Лаҳистон дар мавриди убури содаи сарҳад хабар дода, таъкид намуд, ки миёни давлатҳо набояд марзу монеае мавҷуд бошад. Вай изҳори бовар намуд, ки мардуми Украинаю Лаҳистонро аз нигоҳи рӯҳия ҷудо намекунанд.
"Ин садама дидани соҳибихтиёрист, чизи дигаре наметавон гуфт онро", - изҳор дошт Захарова дар саҳифааш дар "Telegram".
Дипломат ҳамчунин қайд кард, ки "соҳибихтиёрии Украина касеро дар Банкова ташвиш намедиҳад, масъалаи асосӣ на чӣ гуна нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ, балки ба кӣ додани он аст".
"Натиҷаҳои дуюмдараҷае низ ҳастанд, ки чӣ қадар, чанд бор ва то чӣ андоза амиқ бояд ҳамгироиро дар шакли барои Ғарб мувофиқ анҷом дод", - илова намуд Захарова.
Вай афзуд, режими Киев бо баҳонаи ҳифзи ҳувияти худ онро хароб кардааст ва мисол овард, ки "ҳашт сол худиҳоро ҳадафи тир қарор доданду ҳоло кори бесобиқаро анҷом медиҳанд - амалан ғасби кишварашро қонунӣ мекунад".
Ин дар ҳолест, ки ахиран Олга Совгиря, вакили парлумони Украина гуфт, Зеленский аз пешниҳоди лоиҳаи Қонун дар бораи мақоми махсуси ҳуқуқии шаҳрвандони Лаҳистон дар Украина хабар дод.