https://sputnik.tj/20220522/namoyanda-qrim-ukraina-shakli-peshina-1048625773.html
Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонад
Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонад
Sputnik Тоҷикистон
Украина метавонист дар шакли федеративӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми сокинонаш, аз ҷумла дар бахши забону фарҳангу маориф боқӣ монад, аммо нашуд, гуфт намояндаи Қрим.
2022-05-22T12:20+0500
2022-05-22T12:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
қрим
пошхӯрӣ
давлатӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/92/1028499264_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_863b378e5e4dceaf3984d6e93f6415b3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Украина дар марзҳои феълияш аллакай боқӣ нахоҳад монд, изҳор дошт Георгий Мурадов, намояндаи доимии Қрим дар назди раисҷумҳури Русия зимни суҳбат бо РИА "Новости". Вай афзуд, ки ин кишвар дар шакли федеративӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми сокинонаш, аз ҷумла дар бахши забону фарҳангу маориф метавонист боқӣ монад, аммо ин меъёрҳо дағалона вайрон шуданд. Ӯ таъкид намуд, ки махсусан ҳаққи русҳо, ки ҳуқуқи забонияшон дар Конститутсия низ зикр шудаанд, поймол гардиданд ва ин давлати Украинаро ноустувор кард. "Ҳеч давлату халқе, ки худашро эҳтиром мекунад, тоқати нақзи ҳуқуқи ҳамватанҳояшоро дар кишвари ҳамсоя нахоҳад дошт. Дар ҳоле, ки ин талошҳо ба нобудсозии кушоди одамон, аз ҷумла русу русзабонҳо дар замине, ки асрҳо он ҷо зиндагӣ мекунанд, мубаддал шуда буданд", - афзуд Мурадов. Ин дар ҳолест, ки Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, ахиран изҳор дошт, ки пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд.Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд."Тайи вақтҳои охир беш аз 5 млн нафар Украинаро тарк карданд, ки аз ин ҳам ба вазъи Украина эътидол зам намекунад", - таъкид кард роҳбари Думаи давлатӣ.Вай ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст.
https://sputnik.tj/20220520/rusiya-barqaror-ukraina-sitod-1048608826.html
қрим
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102849/92/1028499264_68:0:2799:2048_1920x0_80_0_0_24a131fbf8cfa2ae8e4d935f74188b60.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мурадов, эҳтимол, украина, пошхӯрӣ
мурадов, эҳтимол, украина, пошхӯрӣ
Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонад
12:20 22.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Украина метавонист дар шакли федеративӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми сокинонаш, аз ҷумла дар бахши забону фарҳангу маориф боқӣ монад, аммо нашуд, гуфт намояндаи Қрим
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Украина дар марзҳои феълияш аллакай боқӣ нахоҳад монд, изҳор дошт Георгий Мурадов, намояндаи доимии Қрим дар назди раисҷумҳури Русия зимни суҳбат бо РИА "Новости".
"Ба фикрам Украина дар он шакле, ки буд, дигар аллакай боқӣ нахоҳад монд. Ин аллакай собиқ Украина мебошад", - гуфт Мурадов.
Вай афзуд, ки ин кишвар дар шакли федеративӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми сокинонаш, аз ҷумла дар бахши забону фарҳангу маориф метавонист боқӣ монад, аммо ин меъёрҳо дағалона вайрон шуданд.
Ӯ таъкид намуд, ки махсусан ҳаққи русҳо, ки ҳуқуқи забонияшон дар Конститутсия низ зикр шудаанд, поймол гардиданд ва ин давлати Украинаро ноустувор кард.
"Ҳеч давлату халқе, ки худашро эҳтиром мекунад, тоқати нақзи ҳуқуқи ҳамватанҳояшоро дар кишвари ҳамсоя нахоҳад дошт. Дар ҳоле, ки ин талошҳо ба нобудсозии кушоди одамон, аз ҷумла русу русзабонҳо дар замине, ки асрҳо он ҷо зиндагӣ мекунанд, мубаддал шуда буданд", - афзуд Мурадов.
Ин дар ҳолест, ки Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, ахиран изҳор дошт, ки пошхӯрии Украина соли 2014-ум, баъди табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар оғоз шуд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз баъди табаддулоти давлатии соли 2014-ум Қрим аз ҳайати Украина хориҷ шуд.
Вай ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск низ мустақилияти худро эълон карда, аз ҳайати он хориҷ гардиданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бисёри аз онҳое, ки феълан дар қисматҳои ғарбии Украина зиндагӣ мекунанд, аллакай шаҳрвандии Лаҳистону Булғористонро гирифта истодаанд.
"Тайи вақтҳои охир беш аз 5 млн нафар Украинаро тарк карданд, ки аз ин ҳам ба вазъи Украина эътидол зам намекунад", - таъкид кард роҳбари Думаи давлатӣ.
Вай ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан изҳороте аз Херсону дигар вилоятҳо ба гӯш мерасанд, ки мехоҳанд, аз ҳайати Украина хориҷ шаванд ва воқеият феълан чунин аст.