Чин: Стратегияи нави ИМА маҳкум ба шикаст аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава МИД Китая Ван И
Глава МИД Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Вазири корҳои хориҷии Чин итминон дорад, ки стратегияи ИМА дар Ҳинду уқёнуси Ором албатта ноком хоҳад шуд, аммо ба қавли ӯ, инро каме бояд интизор шуд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Стратегияи барои Ҳинду уқёнуси Ором таҳиякардаи ИМА, ки ба воситаи он оташи ҷангрро афрӯхта, сулҳу осоиши ин минтақаро вайрон карданӣ мешаванд, бешубҳа, барбод меравад.
Дар ин бора Ван И, вазири умури хориҷии Чин, дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ дар Гуанҷоу дар ҷануби Чин изҳор дошт.
Флаги США и Китая во время визита Дональда Трампа в Пекин 9 ноября 2017 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Чин ИМА-ро аз дахолат ба корҳои дохилияш ҳушдор дод
Ба фикри дипломати чинӣ, халқҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аз ҷанҷолҳое, ки гегемонисозӣ боиси он шуда метавонад, нағз медонанд ва аз ин рӯ барои сулҳу осоиши миллӣ ва ҳаёти хушбахтона кӯшиш мекунанд.
Вай қайд кард, ки ин кишварҳо қасди интихоби касеро надоранд, тамоюли аслӣ дар минтақа мусоидат ба ҳамгироии минтақаӣ ва бунёди ҷомеаи Осиё ва Уқёнусия бо сарнавишти муштарак боқӣ мемонад.

"Далоил собит хоҳанд кард, ки стратегияи ба истилоҳ Ҳинду уқёнуси Ором аслан як стратегияи эҷоди ихтилоф, барангехтани зиддият ва халалдор кардани сулҳ аст. Новобаста аз он ки ин стратегия чӣ гуна муаррифӣ мешавад, дар ниҳоят ноком хоҳад шуд", - гуфт Ван И.

Ба андешаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида дар зери шиори "озодӣ ва ошкорбаёнӣ", дар ҳақиқат, дар минтақа гурӯҳҳо ташкил карда, давлатҳои ин минтақаро ба хизмати гегемонияи худ гузоштан мехоҳад.
Лентаи хабарҳо
0