Чин ИМА-ро аз дахолат ба корҳои дохилияш ҳушдор дод

© AP / Andy Wong Флаги США и Китая во время визита Дональда Трампа в Пекин 9 ноября 2017 года
Флаги США и Китая во время визита Дональда Трампа в Пекин 9 ноября 2017 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Агар Вашингтон ба корҳои дохилии Чин дахолат кунад, посух мегирад, ҳушдор дод Янг Ҷечи, раиси дафтари Комиссияи хориҷаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҶМЧ
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Чин дар сурати кӯшиши дахолати Амрико ба корҳои дохилияш барои ҳифзи манфиатҳои худ чораҳои қатъӣ мебинад.
Дар ин бора Ян Ҷечи, раиси дафтари Комиссияи умури хориҷии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин зимни як суҳбати телефонӣ бо мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан дар ин бора хабар дод.

"Вақтҳои охир Иёлоти Муттаҳида як қатор изҳорот ва кирдорҳои нодуруст содир мекунад, ки ба корҳои дохилии Чин дахолат карда, ба манфиатҳои он зарар мерасонад", - гуфт мавсуф.

Ба гуфтаи вай, Чин ба ин бо чораҳои шадид посух хоҳад дод.
Янг Ҷечи тавзеҳ дод, ки иқдомоти Иёлоти Муттаҳида метавонад ба оқибатҳои хатарнок оварда расонад.
Ин мақоми чинӣ аз тавофуқҳое, ки Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Чин ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи равобити Пекину Вашингтон ҳосил шуда буд, ёдоварӣ кард ва гуфт, ҷониби Амрико бояд дар гуфтор ва аъмоли худ пайваста муҳтот бошад.
Национальный флаг Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
ВКХ Чин: Роҳҳалли буҳрони Украина дар дасти НАТО ва ИМА аст
Ба гуфтаи вай, масъалаи Тайван муҳимтарин ва ҳассостарин мавзуъ дар равобити ду кишвар аст.
Ҷечи ҳушдор дод, ки агар Амрико "корти Тайван"-ро бозӣ кунад ва "бо роҳи нодуруст" идома диҳад, ин ба "вазъияти хатарнок" оварда мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои расмии Ҳукумати Чин ва музофоти Тайван соли 1949 қатъ карда шуданд. Ин баъд аз он руй дод, ки қӯшунҳои Гоминдан бо сардории Чан Кай-Ши, ки дар чанги шаҳрвандӣ бо Ҳизби коммунистии Чин мағлуб шуда буд, ба ҷазира кӯчиданд.
Баъдтар, танҳо дар охири солҳои 1980 робитаҳои тиҷоратӣ ва ғайрирасмии байни ҷазира ва Чин аз нав барқарор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0