https://sputnik.tj/20220523/arzon-gaz-kishvar-osiyoi-markazi-1048642136.html
Рейтинг: Арзонтарин газ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст
Рейтинг: Арзонтарин газ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгарон рейтинги кишварҳоеро тартиб доданд, ки барои аҳолияшон арзонтарин сӯзишвории кабуд доранд: Русия дар ҷойи дувум ва Беларус дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
2022-05-23T13:48+0500
2022-05-23T13:48+0500
2022-05-23T14:27+0500
ом
газ
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042897554_0:208:2000:1333_1920x0_80_0_0_18500b5fc3ebb2aa35292268aadeedcb.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Қазоқистон дар радабандии давлатҳои дорои гази арзонтарин барои аҳолӣ ҷои аввалро гирифт. Ҳоло 1 метри мукааб газ дар ин кишвар бо пули русӣ 4,1 рубл арзиш дорад. Мавҷудияти сӯзишворӣ на танҳо аз рӯи нархи он, балки сатҳи даромади шаҳрвандон низ муайян карда мешавад, мегӯянд коршиносони РИА Рейтинг. Ба гуфтаи онҳо, ҳаҷми газ ва қимати он тахминан сатҳи миёнаи аҳолӣ аст. Коршиносон таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳо метавонанд дар як маврид вобаста ба ҳаҷми даромад, ҷойи истиқомат дар дохили давлат, истифодаи оилавӣ, мавҷудияти плитаҳои газӣ ва дигар омилҳо фарқ кунанд. Дар ҷойи дуюм дар байни кишварҳои дорои гази арзон Русия будааст, ки дар ин кишвар нархи 1 метри мукааб сӯзишвории кабуд ба 6,7 рубл мерасад. Беларусия ҷои сеюмро гирифтааст. Дар кишвар бошад, 1 метри мукааб газ нисбат ба Русия се рубл гаронтар аст. Ба панҷ кишвари беҳтарини дорои сӯзишвории кабуд Туркия ва Маҷористон низ дохил мешаванд. Коршиносон таъкид кардаанд, ки гаронтарин газ дар Аврупоро сокинони Шветсия мехаранд. Дар ин ҷо барои 1 метри мукааби ин сӯзишворӣ аҳолӣ 137 рубл медиҳанд.Дар Дания, Ҳолланд ва Испания як метри мукааб сӯзишворӣ беш аз 80 рубл арзиш дорад. Таҳлилгарон қайд карданд, ки дар соли 2021 нархҳо дар бозори гази Аврупо якбора боло рафтанд, ки ин боиси буҳрони шадиди энергетикӣ гардид. Сабабҳои болоравии ин навъи маводи сӯхт, коҳиши истихроҷи захираҳо дар Ҳолланд ва Норвегия, хуруҷи гази моеъ аз Аврупо ба Осиё, коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои бодӣ ва иваз кардани тавлиди ангиштсанг мебошад.Коршиносон мегӯянд, аз ҳама бештар нархи газ дар Булғористон, Юнон ва Молдова боло рафтааст. Онҳо изҳор доштанд, ки то охири соли 2022 арзиши сӯзишвории кабуд дар Аврупо аз сатҳи миёнаи чандсола боло боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол дастрасии газ барои русҳо коҳиш намеёбад ва болоравии нархи он ночиз хоҳад буд, хулоса кардаанд таҳлилгарон.
https://sputnik.tj/20220519/erdughon-turkiya-rusiya-dast-namekashad-1048565068.html
https://sputnik.tj/20220511/nohiyai-tojiron-arzonfurushi-gaz-1048374311.html
ом
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042897554_223:0:2000:1333_1920x0_80_0_0_47451afbad5a81dd9f0f9de48e7637cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рейтинг арзон газ осиёи марказӣ
рейтинг арзон газ осиёи марказӣ
Рейтинг: Арзонтарин газ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст
13:48 23.05.2022 (Навсозишуда: 14:27 23.05.2022) Таҳлилгарон рейтинги кишварҳоеро тартиб доданд, ки барои аҳолияшон арзонтарин сӯзишвории кабуд доранд: Русия дар ҷойи дувум ва Беларус дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Қазоқистон дар радабандии давлатҳои дорои гази арзонтарин барои аҳолӣ ҷои аввалро гирифт.
Ҳоло 1 метри мукааб газ дар ин кишвар бо пули русӣ 4,1 рубл арзиш дорад.
Мавҷудияти сӯзишворӣ на танҳо аз рӯи нархи он, балки сатҳи даромади шаҳрвандон низ муайян карда мешавад, мегӯянд коршиносони РИА Рейтинг.
Ба гуфтаи онҳо, ҳаҷми газ ва қимати он тахминан сатҳи миёнаи аҳолӣ аст.
Коршиносон таъкид карданд, ки нишондиҳандаҳо метавонанд дар як маврид вобаста ба ҳаҷми даромад, ҷойи истиқомат дар дохили давлат, истифодаи оилавӣ, мавҷудияти плитаҳои газӣ ва дигар омилҳо фарқ кунанд.
Дар ҷойи дуюм дар байни кишварҳои дорои гази арзон Русия будааст, ки дар ин кишвар нархи 1 метри мукааб сӯзишвории кабуд ба 6,7 рубл мерасад.
Беларусия ҷои сеюмро гирифтааст. Дар кишвар бошад, 1 метри мукааб газ нисбат ба Русия се рубл гаронтар аст.
Ба панҷ кишвари беҳтарини дорои сӯзишвории кабуд Туркия ва Маҷористон низ дохил мешаванд.
Коршиносон таъкид кардаанд, ки гаронтарин газ дар Аврупоро сокинони Шветсия мехаранд. Дар ин ҷо барои 1 метри мукааби ин сӯзишворӣ аҳолӣ 137 рубл медиҳанд.
Дар Дания, Ҳолланд ва Испания як метри мукааб сӯзишворӣ беш аз 80 рубл арзиш дорад.
Таҳлилгарон қайд карданд, ки дар соли 2021 нархҳо дар бозори гази Аврупо якбора боло рафтанд, ки ин боиси буҳрони шадиди энергетикӣ гардид.
Сабабҳои болоравии ин навъи маводи сӯхт, коҳиши истихроҷи захираҳо дар Ҳолланд ва Норвегия, хуруҷи гази моеъ аз Аврупо ба Осиё, коҳиши тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои бодӣ ва иваз кардани тавлиди ангиштсанг мебошад.
Коршиносон мегӯянд, аз ҳама бештар нархи газ дар Булғористон, Юнон ва Молдова боло рафтааст. Онҳо изҳор доштанд, ки то охири соли 2022 арзиши сӯзишвории кабуд дар Аврупо аз сатҳи миёнаи чандсола боло боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол дастрасии газ барои русҳо коҳиш намеёбад ва болоравии нархи он ночиз хоҳад буд, хулоса кардаанд таҳлилгарон.