https://sputnik.tj/20220511/nohiyai-tojiron-arzonfurushi-gaz-1048374311.html
Макони тоҷирони арзонфурӯши газ дар Тоҷикистон маълум шуд
Макони тоҷирони арзонфурӯши газ дар Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нархе, ки газфурӯшҳои ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон барои як литр талаб мекунанд, аз нархҳо дар навоҳии дигари кишвар ҳудуди 15% арзонтар аст
2022-05-11T20:30+0500
2022-05-11T20:30+0500
2022-05-11T20:35+0500
дар тоҷикистон
савдо
энергетика
гази моеъ
нарх
арзон
қиматшавӣ
ашт
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_0:0:1968:1107_1920x0_80_0_0_8d3fc62876a90c6f2aa83f7ee3282b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ноҳияи Ашт 5,3 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо арзиши газ дар навоҳии дигар 1-1,3 сомонӣ арзонтар мебошад. Феълан як литр газ дар навоҳии дигари Суғд ва вилояти Хатлону шаҳри Душанбе бо арзиши 6 то 6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Тоҷирони се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ашт, ки бахши аъзами аҳолии ин ноҳия гази моеъ барои мошинҳояшонро умдатан аз он нуқтаҳо мегиранд, изҳор медоранд, ки ҳатто бо чунин нархи нисбатан арзон низ даромади кофӣ барои таъминоти ниёзҳояшонро ба даст меоранд. Масъулини ин нуқтаҳо аз ироаи тафсилот, ки чаро нархҳояшон нисбати дигар ноҳияҳо поинтар аст, худдорӣ намуданд. Танҳо ҳамин қадар мегӯянд, ки "аз ин ки нархи моли онҳо арзон аст, зиён намекунанд, балки кам ҳам бошад фоида ба даст меоранд". Бино ба мушоҳидаҳо, ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат қимати як литр бензини навъи АИ 95 11,3 сомонӣ, АИ 92 10, 8 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ ва як литр гази моеъ бо нархи 6-6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад. Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад. Ҳамасола ҳукумати Русия миқдори муайяни маҳсулоти нафтиро муқаррар мекунад, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220510/khujand-qimat-rohkiro-baland-1048330185.html
ашт
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_482:0:1958:1107_1920x0_80_0_0_765fc78d38a1d20ea502f5c84464c010.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, газ, моеъ, тоҷикистон
нарх, газ, моеъ, тоҷикистон
Макони тоҷирони арзонфурӯши газ дар Тоҷикистон маълум шуд
20:30 11.05.2022 (Навсозишуда: 20:35 11.05.2022) Нархе, ки газфурӯшҳои ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон барои як литр талаб мекунанд, аз нархҳо дар навоҳии дигари кишвар ҳудуди 15% арзонтар аст
ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Нархи як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ноҳияи Ашт 5,3 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо арзиши газ дар навоҳии дигар 1-1,3 сомонӣ арзонтар мебошад.
Феълан як литр газ дар навоҳии дигари Суғд ва вилояти Хатлону шаҳри Душанбе бо арзиши 6 то 6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тоҷирони се нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ашт, ки бахши аъзами аҳолии ин ноҳия гази моеъ барои мошинҳояшонро умдатан аз он нуқтаҳо мегиранд, изҳор медоранд, ки ҳатто бо чунин нархи нисбатан арзон низ даромади кофӣ барои таъминоти ниёзҳояшонро ба даст меоранд.
Масъулини ин нуқтаҳо аз ироаи тафсилот, ки чаро нархҳояшон нисбати дигар ноҳияҳо поинтар аст, худдорӣ намуданд. Танҳо ҳамин қадар мегӯянд, ки "аз ин ки нархи моли онҳо арзон аст, зиён намекунанд, балки кам ҳам бошад фоида ба даст меоранд".
Бино ба мушоҳидаҳо, ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии мамлакат қимати як литр бензини навъи АИ 95 11,3 сомонӣ, АИ 92 10, 8 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ ва як литр гази моеъ бо нархи 6-6,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Тоҷикистон ниёзашро ба маводи сӯхт аз ҳисоби воридот таъмин мекунанд. Асосан ин навъи маҳсулот ба кишвар аз Русия ва Қазоқистон ворид мегардад. Ҳамасола ҳукумати Русия миқдори муайяни маҳсулоти нафтиро муқаррар мекунад, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.