https://sputnik.tj/20220519/erdughon-turkiya-rusiya-dast-namekashad-1048565068.html
Эрдуғон: Туркия аз Русия ва газаш даст намекашад
Эрдуғон: Туркия аз Русия ва газаш даст намекашад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Туркия изҳор дошт, ки кишвараш аз Федералсияи Русия ва гази ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ даст намешавад
2022-05-19T15:20+0500
2022-05-19T15:20+0500
2022-05-19T20:11+0500
дар ҷаҳон
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:2:2999:1688_1920x0_80_0_0_c96e4e76ed18e2bfa12b977b94aa02a5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Туркия наметавонад аз равобит бо Русия даст кашад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.Роҳбари Туркия ҳамчунин илова кард, аз гази Русия, ки ин як масъалаи стратегӣ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад.Дар идома ӯ зикр намуд, ки пас аз ба истифода додани ин нерӯгоҳ Туркия 50%-и гази масрафии худро аз Русия мегирад.Ба таъкиди Эрдуғон, ин як масъала ва равобити стратегӣ аст, ки Туркия намехоҳад онро аз даст диҳад ва ё вайрон кунад.Қаблан вазири умури хориҷии Туркия гуфт, Анкара таҳрим ҷорӣ накардааст ва пайваста аз Русия газ мегирад.Ӯ гуфт, чун Анкара ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашудааст, аз ин рӯ интиқоли газ бидуни мушкил сурат мегирад."Баъд аз оғози ҷанг ман дар бораи ниёзи Туркия ба гази Русия пурсидам. Пеш аз ҷанг он тақрибан 50% буд, ҳоло тақрибан 40% аст", - таъкид кард Човушуғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Haber".Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли гази Русия мушкиле вуҷуд надорад.
https://sputnik.tj/20220518/turkiya-barrasi-darkhosti-finlandiya-shvetsiya-nato-1048548456.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721057_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d25177ee644b0756f6a2b4e12d159617.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон туркия русия газ
Эрдуғон: Туркия аз Русия ва газаш даст намекашад
15:20 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:11 19.05.2022) Президенти Ҷумҳурии Туркия изҳор дошт, ки кишвараш аз Федератсияи Русия ва гази ин кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Туркия наметавонад аз равобит бо Русия даст кашад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Роҳбари Туркия ҳамчунин илова кард, аз гази Русия, ки ин як масъалаи стратегӣ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад.
"Мо бо ҳар ду ҷониб (Русия ва Украина - идора) робита дорем. Мо бо Русия лоиҳаи негӯгоҳи барқӣ-атомии "Аккую" дорем. Соли оянда ин лоиҳаро ба анҷом мерасонем, онро мекушоем. Ин барои мо як манбаи хеле ҷиддӣ аст", - таъкид намуд Эрдуғон.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки пас аз ба истифода додани ин нерӯгоҳ Туркия 50%-и гази масрафии худро аз Русия мегирад.
Ба таъкиди Эрдуғон, ин як масъала ва равобити стратегӣ аст, ки Туркия намехоҳад онро аз даст диҳад ва ё вайрон кунад.
Қаблан вазири умури хориҷии Туркия гуфт, Анкара таҳрим ҷорӣ накардааст ва пайваста аз Русия газ мегирад.
Ӯ гуфт, чун Анкара ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашудааст, аз ин рӯ интиқоли газ бидуни мушкил сурат мегирад.
"Баъд аз оғози ҷанг ман дар бораи ниёзи Туркия ба гази Русия пурсидам. Пеш аз ҷанг он тақрибан 50% буд, ҳоло тақрибан 40% аст", - таъкид кард Човушуғлу дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Al Haber".
Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли гази Русия мушкиле вуҷуд надорад.