https://sputnik.tj/20220520/rusiya-barqaror-ukraina-sitod-1048608826.html
Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод
Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия гуфт, ки ситод "ҳамаи мақомоти манфиатдорро дар бар мегирад". Ӯ афзуд, ки нақшаи барқарорсозӣ аллакай то соли нав кашида шудааст
2022-05-20T22:00+0500
2022-05-20T22:00+0500
2022-05-20T22:00+0500
украина
дар русия
барқарор кардан
амалиёт
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252337_0:157:3072:1885_1920x0_80_0_0_dc15935fc23cd836ffad8c6da6f9aa8f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Корҳо оид ба барқарорсозии қаламравҳои озодшудаи Украина ва Донбасс, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ осеб дидаанд, дар реҷаи штатӣ сурат мегирад. Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо рӯзноманигрон қайд кард.Ҳуснуллин афзуд, ки ҷадвали муқаррар кардани вазифаҳои барқарорсозии ҳудудҳо табиати "зинда" дорад. "Мо вазифаҳо барои як рӯз, як ҳафта, як моҳ ва то Соли нав дорем. Чунин вазифаҳоро дар пеш гузоштаем", - афзуд ӯ. Муовини сарвазир ҳамчунин қайд кард, ки дар нақшаи ситод барқарорсозии тамоми роҳҳо ва манзилҳои харобшуда пешбинӣ шудааст. Маҷмуаи тадбирҳое, ки аз рӯи он ҳам корбарӣ мешавад, барқарор намудани иқтисодиёти ҳудудҳои зарардида мебошад. Ба гуфтаи ӯ, "барои зудтар ба кор андохтани низоми молӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд".Инчунин, дар соҳаи таъминоти хоҷагии қишлоқ бисёр масъалаҳоро ҳал кардан лозим аст, афзуд Ҳуснуллин.Сиёсатмадор рӯзи 8 май ба Мариупол, Волноваха, Луганск ва дигар шаҳрҳои ҶМД ва ҶМЛ сафар карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ ҳам сҳбат кард.Вай таъкид кард, ки дар заминаи ироаи кумакҳои башардӯстона корҳои бузургеро анҷом додан лозим аст ва афзуд, ки корҳо зиёданд.Володин гуфт, гунаҳгорони асосии буҳрони ҷаҳонӣ киҳояндБаъдтар, 17 ва 18 май муовини сарвазир ба ҳудуди вилоятҳои Херсон ва Запороже сафар карда, шаҳрҳои Херсон ва Мелитополро аз назар гузаронд. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки Русия ба барқарорсозии инфрасохтори минтақаҳо машғул хоҳад шуд. Ҳамчунин қаблан гузориш шуд, ки корвони иборат аз 70 мошин ва ҳудуди 350 мутахассиси барои барқарорсозӣ аз Русия ба Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20220519/khusnullin-rusiya-mintaqaho-ozodshuda-ukraina-barqaror-1048559493.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252337_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_f96d47048a54603f68322a2d58c999a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, ситод, барқарорсозӣ
русия, украина, ситод, барқарорсозӣ
Русия барои барқарорсозии манотиқи озодшудаи Украина, ситод таъсис дод
Муовини сарвазири Русия гуфт, ки ситод "ҳамаи мақомоти манфиатдорро дар бар мегирад". Ӯ афзуд, ки нақшаи корҳои барқарорсозӣто соли нав кашида шудааст
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Корҳо оид ба барқарорсозии қаламравҳои озодшудаи Украина ва Донбасс, ки дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ осеб дидаанд, дар реҷаи штатӣ сурат мегирад.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо рӯзноманигрон қайд кард.
"Мо штаби махсус ташкил кардем, ки ба он тамоми мақомоти манфиатдор дохил мешаванд", — гуфт вай.
Ҳуснуллин афзуд, ки ҷадвали муқаррар кардани вазифаҳои барқарорсозии ҳудудҳо табиати "зинда" дорад.
"Мо вазифаҳо барои як рӯз, як ҳафта, як моҳ ва то Соли нав дорем. Чунин вазифаҳоро дар пеш гузоштаем", - афзуд ӯ.
Муовини сарвазир ҳамчунин қайд кард, ки дар нақшаи ситод барқарорсозии тамоми роҳҳо ва манзилҳои харобшуда пешбинӣ шудааст.
Маҷмуаи тадбирҳое, ки аз рӯи он ҳам корбарӣ мешавад, барқарор намудани иқтисодиёти ҳудудҳои зарардида мебошад. Ба гуфтаи ӯ, "барои зудтар ба кор андохтани низоми молӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд".
Инчунин, дар соҳаи таъминоти хоҷагии қишлоқ бисёр масъалаҳоро ҳал кардан лозим аст, афзуд Ҳуснуллин.
Сиёсатмадор рӯзи 8 май ба Мариупол, Волноваха, Луганск ва дигар шаҳрҳои ҶМД ва ҶМЛ сафар карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ ҳам сҳбат кард.
Вай таъкид кард, ки дар заминаи ироаи кумакҳои башардӯстона корҳои бузургеро анҷом додан лозим аст ва афзуд, ки корҳо зиёданд.
Баъдтар, 17 ва 18 май муовини сарвазир ба ҳудуди вилоятҳои Херсон ва Запороже сафар карда, шаҳрҳои Херсон ва Мелитополро аз назар гузаронд. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки Русия ба барқарорсозии инфрасохтори минтақаҳо машғул хоҳад шуд.
Ҳамчунин қаблан гузориш шуд, ки корвони иборат аз 70 мошин ва ҳудуди 350 мутахассиси барои барқарорсозӣ аз Русия ба Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск ворид шудааст.