https://sputnik.tj/20220520/sjb-siroyat-nav-jalasa-iztirori-1048608498.html
СҶБ дар робита ба хуруҷи вируси нав ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад
СҶБ дар робита ба хуруҷи вируси нав ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
То имрӯз ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин вирус дастикам дар 9 кишвар сабт шудааст. Аксарияти гирифторони сирояти нав дар кишварҳои Урупо ба сар мебаранд
2022-05-20T21:31+0500
2022-05-20T21:31+0500
2022-05-23T20:13+0500
сҷб
хатар
нав
дар ҷаҳон
сироят
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103112/08/1031120875_0:196:2947:1853_1920x0_80_0_0_a988d06419e6d4009e1cfa364e72ef52.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба хурӯҷи сирояти нав - обакони маймун, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.Дар ин бора рӯзномаи "Telegraph." хаӣар медиҳад.Гуфта мешавад, ки мавзӯъи аслии ин нишаст роҳҳои интиқоли ин беморӣ, густариши он дар миёни ҳамҷинсгароён ва ҳамчунин вазъи ваксинҳо хоҳад буд. Ин беморӣ аллакай дар чанд кишвар, аз ҷумла Бритониёи Кабир, Португалия, Испания, Белгия, Фаронса, Шветсия, Итолиё, Австралия ва Канада сабт шудааст.Обакони маймун як сирояти нодир аст, ки аз одам ба одам низ мегузарад. Ин одатан як бемории сабук аст ва аксари одамоне, ки мубтало мешаванд, дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкил паси сар кунанд.Коршиносон таъкид мекунанд, ки бемории обакони маймун сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда маҳсуб намеёбад, балки метавонад тавассути тамоси наздик бо шахси сироятшуда паҳн шавад. Аломатҳои аслии ин беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варамӣва хастагӣ мебошанд.Кореяи Шимолӣ вазъи изтирорӣ эълон кардМетавонад аксар вақт дар рӯй пайдо шавад ва сипас ба дигар қисмҳои бадан паҳн мешавад.
https://sputnik.tj/20220416/geyts-covid-19-taghyir-1047705457.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103112/08/1031120875_107:0:2838:2048_1920x0_80_0_0_a7fcead2c36effb67b853f1749d27c5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироят, маймун, сҷб, ҷаҳон
сироят, маймун, сҷб, ҷаҳон
СҶБ дар робита ба хуруҷи вируси нав ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад
21:31 20.05.2022 (Навсозишуда: 20:13 23.05.2022) То имрӯз ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин вирус дастикам дар 9 кишвар сабт шудааст. Аксарияти гирифторони сирояти нав сокинони кишварҳои урупоӣ ҳастанд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар робита ба хурӯҷи сирояти нав - обакони маймун, нишасти изтирорӣ баргузор мекунад.
Дар ин бора рӯзномаи "
Telegraph." хаӣар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мавзӯъи аслии ин нишаст роҳҳои интиқоли ин беморӣ, густариши он дар миёни ҳамҷинсгароён ва ҳамчунин вазъи ваксинҳо хоҳад буд.
Ин беморӣ аллакай дар чанд кишвар, аз ҷумла Бритониёи Кабир, Португалия, Испания, Белгия, Фаронса, Шветсия, Итолиё, Австралия ва Канада сабт шудааст.
Обакони маймун як сирояти нодир аст, ки аз одам ба одам низ мегузарад. Ин одатан як бемории сабук аст ва аксари одамоне, ки мубтало мешаванд, дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкил паси сар кунанд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки бемории обакони маймун сирояти тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда маҳсуб намеёбад, балки метавонад тавассути тамоси наздик бо шахси сироятшуда паҳн шавад.
Аломатҳои аслии ин беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варамӣва хастагӣ мебошанд.
Метавонад аксар вақт дар рӯй пайдо шавад ва сипас ба дигар қисмҳои бадан паҳн мешавад.