Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Гейтс як амалеро ном бурд, ки метавонист пандемияи COVID-19-ро тағйир диҳад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБилл Гейтс, архивное фото
Билл Гейтс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Обуна шудан
Гейтс бар ин бовар аст, ки агар олимон пештар доруи зидди коронавирусро таҳия мекарданд, пандемияи COVID-19 дигар хел мегузашт
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Агар олимон пештар доруро таҳия карда метавонистанд, пандемияи коронавирус хеле фарқ мекард, зеро табобат ҳангоми хуруҷи беморӣ муҳим аст, гуфт миллиардер Билл Гейтс, асосгузори "Microsoft" дар мақолае барои "New York Times".
Гейтс менависад, ки то замони пайдо шудани аввалин доруҳо барои табобати коронавирус аксари аҳолии ҷаҳон ҳадди ақалл як вояи ваксина мегирифтанд.

"Пандемияи коронавирус дигаргуна мегузашт, агар олимон пештар доруро таҳия карда метавонистанд", - гуфт ӯ ва афзуд, ки бахусус марг эҳтимолан хеле кам мешуд.

Миллиардер қайд мекунад, ки дар сурати сар задани пандемияи нав ҳатто агар имкони таҳияи ваксина бар зидди патогени нав, 100 рӯз пеш вуҷуд дошта бошад ҳам, барои эм кардани аксарияти аҳолӣ вақти зиёд лозим аст.
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ ҳушдор дод, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд
Гейтс қадами аввал дар таҳияи доруи зиддивирусиро муайян кардани коди генетикии вирус ва сафедаҳои барои он муҳимтарин медонад. Пас аз он одатан ба марҳилаи пеш аз клиникии тадқиқот якчанд сол лозим аст. Агар он муваффақ шавад, пас олимон ба озмоишҳои клиникии инсонӣ мегузаранд, то бубинанд, ки оё дору ягон таъсири манфиро ба вуҷуд меорад ва миқдорро муайян мекунад.
Вақте маълум мешавад, ки дору бехатар ва самаранок аст, олимон барои тасдиқи он муроҷиат мекунанд, ки пас аз он истеҳсол метавонад оғоз шавад.
Дар Чин гирифторӣ ба коронавирус рекордӣ шуд
Мушкилот метавонад бо дору таъмин кардани ҳама ниёзмандон бошад, гуфт ӯ.
Гейтс муътақид аст, ки роҳҳои ба тартиб даровардани ин раванд бидуни талафоти амният вуҷуд доранд: сохтани "китобхонаҳо"-и бузурги пайвастагиҳои доруворӣ, то муҳаққиқон битавонанд бисанҷанд, ки оё табобатҳои мавҷуда бар зидди микроорганизмҳои нав кор мекунанд, масунияти модарзодро баланд мекунанд ё на.
Ӯ сармоягузорӣ ба зеҳни сунъиро низ аз роҳҳои пешрафт дар ин самт медонад.
Лентаи хабарҳо
0