https://sputnik.tj/20220519/volodin-gunahgoron-buhron-jahon-1048557569.html
Володин гуфт, гунаҳгорони асосии буҳрони ҷаҳонӣ киҳоянд
Володин гуфт, гунаҳгорони асосии буҳрони ҷаҳонӣ киҳоянд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Русия ИМА, Канада ва Швейтсарияро гунаҳкорони аслии бӯҳронҳои ҷаҳон номид, ки омилони асосии буҳронҳо ҳастанд
2022-05-19T11:34+0500
2022-05-19T11:34+0500
2022-05-19T13:48+0500
вячеслав володин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/86/1030028655_0:0:2853:1605_1920x0_80_0_0_abc86708e686971797fd5e9fd1d5004b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. ИМА, Канада ва Швейтсария сегонаи кишварҳои ғайридӯстанд, ки омилони асосии буҳронҳои дарпешистода дар ҷаҳон гардида, боиси афзоиши қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ шуданд, мегӯяд раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.Тавре Володин дар канали "Telegram"-и худ қайд кард, Иёлоти Муттаҳида аз ҳама бештар зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардааст - 1983, дар ҷои дуюм Канада (1402), дар ҷойи сеюм Швейтсария (1361), дар ҷойи чорум - Бритониё (1360), дар ҷойи панҷум кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, (1199), шашум Австралия (1150), хафтум Япония (902) қарор доранд.Ӯ ёдовар шуд, ки дар маҷмуъ алайҳи Русия 10 536 таҳрим ҷорӣ шудааст: то 24 феврали соли 2022 - 2 754 ва баъд аз он - 7 782 таҳрим."Ин давлатҳо алайҳи Русия таҳримҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ карда, боиси болоравии қимати манобеи энержӣ ва ғизо шуданд. Инҳо омилони аслии мушкилоти кунунӣ ва буҳронҳои дарпешистода дар саросари ҷаҳон ҳастанд", - таъкид кард раиси Думаи давлатӣ.Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели авзоъ дар Украина алайҳи Русия чанд бастаи таҳримӣ ҷорӣ карданд. Кишварҳои ИА имкони даст кашидан аз нафту гази Русияро ҷиддӣ баррасӣ мекунанд, бастаи шашуми таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ кардани эмбаргои нафтиро пешбинӣ мекунад, аммо як қатор кишварҳо, бахусус Маҷористон монеи қабули он ҳастанд.Бинобар таҳримот дар кишварҳои ғарбӣ болоравии қимати маводи ғизоӣ сурат мегирад, аммо онҳо ба ин Русияро айбдор мекунанд.Таҳлилгарон таҳримҳои зиддирусиро ба "шамшери дудама" ташбеҳ додаанд, ки таъсири он ягон давлатро дар канор нахоҳад монд.
https://sputnik.tj/20220518/ima-tahrim-rusiya-payomad-1048528231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103002/86/1030028655_45:0:2774:2047_1920x0_80_0_0_0d8faf9198c5906b823c0e74a604bde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин гунаҳгорон буҳрон ҷаҳон
володин гунаҳгорон буҳрон ҷаҳон
Володин гуфт, гунаҳгорони асосии буҳрони ҷаҳонӣ киҳоянд
11:34 19.05.2022 (Навсозишуда: 13:48 19.05.2022) Раиси Думаи давлатии Русия ИМА, Канада ва Швейтсарияро гунаҳкорони аслии буҳронҳои ҷаҳон номид, ки ин кишвар саҳми умдае дар буҳронӣ кардани ҷаҳон доштаанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. ИМА, Канада ва Швейтсария сегонаи кишварҳои ғайридӯстанд, ки омилони асосии буҳронҳои дарпешистода дар ҷаҳон гардида, боиси афзоиши қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ шуданд, мегӯяд раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.
Тавре Володин дар канали "Telegram"-и худ қайд кард, Иёлоти Муттаҳида аз ҳама бештар зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардааст - 1983, дар ҷои дуюм Канада (1402), дар ҷойи сеюм Швейтсария (1361), дар ҷойи чорум - Бритониё (1360), дар ҷойи панҷум кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, (1199), шашум Австралия (1150), хафтум Япония (902) қарор доранд.
Ӯ ёдовар шуд, ки дар маҷмуъ алайҳи Русия 10 536 таҳрим ҷорӣ шудааст: то 24 феврали соли 2022 - 2 754 ва баъд аз он - 7 782 таҳрим.
"Ин давлатҳо алайҳи Русия таҳримҳои ғайриқонунӣ ҷорӣ карда, боиси болоравии қимати манобеи энержӣ ва ғизо шуданд. Инҳо омилони аслии мушкилоти кунунӣ ва буҳронҳои дарпешистода дар саросари ҷаҳон ҳастанд", - таъкид кард раиси Думаи давлатӣ.
Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели авзоъ дар Украина алайҳи Русия чанд бастаи таҳримӣ ҷорӣ карданд.
Кишварҳои ИА имкони даст кашидан аз нафту гази Русияро ҷиддӣ баррасӣ мекунанд, бастаи шашуми таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ҷорӣ кардани эмбаргои нафтиро пешбинӣ мекунад, аммо як қатор кишварҳо, бахусус Маҷористон монеи қабули он ҳастанд.
Бинобар таҳримот дар кишварҳои ғарбӣ болоравии қимати маводи ғизоӣ сурат мегирад, аммо онҳо ба ин Русияро айбдор мекунанд.
Таҳлилгарон таҳримҳои зиддирусиро ба "шамшери дудама" ташбеҳ додаанд, ки таъсири он ягон давлатро дар канор нахоҳад монд.