https://sputnik.tj/20220519/medvedev-oqibat-defolt-rusiya-jahon-1048569921.html
Медведев оқибатҳои даҳшатбори дефолти Русияро барои ҷаҳон номбар кард
Медведев оқибатҳои даҳшатбори дефолти Русияро барои ҷаҳон номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар сурати эълони дефолти "сиёсӣ" аз ҷониби Русия, ИМА ба паёмадҳои густурда дучор мешавад ва чунин тадобир ба вазъи молии Маскав таъсир намерасонанд
2022-05-19T17:40+0500
2022-05-19T17:40+0500
2022-05-19T19:50+0500
дмитрий медведев
дар русия
маскав
иқтисод
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_0:205:2915:1844_1920x0_80_0_0_c0360aaa8ef04303e420cf435c6f2aab.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Русияро аз ҳаққи пардохти уҳдадориҳои қарзиаш бо доллар маҳрум созад. Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ин барои Маскав "бадтарин тасмим нест". Вай таъкид кард, ки дефолти сиёсӣ ба эътибори воқеии молии Маскав таъсире нахоҳад гузошт. Ҳамчунин монеаҳои ИМА бояд "аз ҷониби додгоҳ ё ҳамчун ҳолати форс-мажор ё ҳамчун рафтори гунаҳкори кредитор баррасӣ шаванд", - гуфт Медведев. Чунин амалҳо дорандагони қарзи амрикоиро бе пули Русия мемонанд. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин иқдоми "қавии Байден барои таҳкими эътимод ба низоми молии ӯ дар пасманзари таваррум ва буҳрони энержӣ аст". Русия метавонад уҳдадориҳои худро бо рубл иҷро кунад, ки дар шароити кунунӣ як қадами асоснок хоҳад буд. Сиёсатмадор вазъиятро бо мақоли "касе, ки охирин механдад, беҳтар механдад", тавсиф карда, онро ба забони англисӣ тарҷума кардааст."Bloomberg": Манъи воридоти нафти Русия барои Ғарб худкушӣ хоҳад будҚаблан "Bloomberg" дар бораи нияти ИМА барои манъ кардани пардохт ба дорандагони вомбаргҳои ИМА оид ба қарзи давлатӣ пас аз ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома - 25 май навишта буд. Ҳамин тавр Вашингтон метавонад кӯшиш кунад, ки Маскавро ба дефолт тела диҳад.
https://sputnik.tj/20220510/korshinos-sarkashi-rubl-boloravi-narkh-avrupo-1048327318.html
маскав
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_ea14dc3b6ec0fbb8b14e587a38df93f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий медведев, дефолт, русия
дмитрий медведев, дефолт, русия
Медведев оқибатҳои даҳшатбори дефолти Русияро барои ҷаҳон номбар кард
17:40 19.05.2022 (Навсозишуда: 19:50 19.05.2022) Дар сурати эълони дефолти "сиёсӣ" аз ҷониби Русия ИМА ба пайомадҳои густурда дучор мешавад ва чунин тадобир ба вазъи молии Маскав таъсир намерасонанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, Русияро аз ҳаққи пардохти уҳдадориҳои қарзиаш бо доллар маҳрум созад.
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев, ин барои Маскав "бадтарин тасмим нест".
"Аввал ин ки ҳама дарк мекунанд, ин дефолти сиёсӣ аст, на молӣ. Русия қодир аст, ки ҳар гуна уҳдадориҳои худро бо ҳар асъор пардохт кунад, агар мушкилоти сунъӣ эҷод накунанд", - навиштааст муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар саҳифааш дар "Telegram".
Вай таъкид кард, ки дефолти сиёсӣ ба эътибори воқеии молии Маскав таъсире нахоҳад гузошт.
Ҳамчунин монеаҳои ИМА бояд "аз ҷониби додгоҳ ё ҳамчун ҳолати форс-мажор ё ҳамчун рафтори гунаҳкори кредитор баррасӣ шаванд", - гуфт Медведев.
Чунин амалҳо дорандагони қарзи амрикоиро бе пули Русия мемонанд. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ин иқдоми "қавии Байден барои таҳкими эътимод ба низоми молии ӯ дар пасманзари таваррум ва буҳрони энержӣ аст".
Русия метавонад уҳдадориҳои худро бо рубл иҷро кунад, ки дар шароити кунунӣ як қадами асоснок хоҳад буд.
"Ё умуман пардохт нашавад ва пул маҳз ба ҳамон ҳадафҳое истифода мешавад, ки ба мардуми амрикоӣ чандон писанд нахоҳанд буд", - хулоса кард Медведев.
Сиёсатмадор вазъиятро бо мақоли "касе, ки охирин механдад, беҳтар механдад", тавсиф карда, онро ба забони англисӣ тарҷума кардааст.
Қаблан "Bloomberg" дар бораи нияти ИМА барои манъ кардани пардохт ба дорандагони вомбаргҳои ИМА оид ба қарзи давлатӣ пас аз ба итмом расидани муҳлати иҷозатнома - 25 май навишта буд.
Ҳамин тавр Вашингтон метавонад кӯшиш кунад, ки Маскавро ба дефолт тела диҳад.