https://sputnik.tj/20220510/korshinos-sarkashi-rubl-boloravi-narkh-avrupo-1048327318.html
Коршинос: Саркашӣ аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нархҳо дар Аврупо мешавад
Коршинос: Саркашӣ аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нархҳо дар Аврупо мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Даст кашидан аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нави нархҳо дар Аврупо мешавад ва минбаъд шиддат гирифтани он аз теъдоди саркашҳо дигар вобаста аст
2022-05-10T11:12+0500
2022-05-10T11:12+0500
2022-05-11T15:44+0500
дар русия
аврупо
рубл
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_0:0:3020:1699_1920x0_80_0_0_e7e957c7893e489dde710cad049f6166.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пайдо шудани “саркашҳо” аз пардохти ҳаққи гази Русия тибқи нақшаи нав боиси болоравии нави қимати “сӯзишвории кабуд” дар Аврупо мешавад, мегӯяд, Мария Белова, мудири умури таҳқиқоти ширкати "Vygon Consulting" ба РИА "Новости". "Наздик шудани муҳлатҳои пардохти пули гази аксари ширкатҳои аврупоӣ дар моҳи апрел боиси пайдо шудани "саркашҳо"-и нав мешавад, ки маънои болоравии нархҳоро дорад. То чӣ андоза қавӣ ва ба кадом муддат аз шумори онҳое вобаста аст, ки намехоҳанд, ҳамкорӣ бо "Газпром"-ро идома диҳанд", - мегӯяд ҳамсуҳбати оҷонсӣ. Таҳлилгар афзуд, бо дарназардошти наздик шудани фасли тобистон ва дар натиҷа мавсими коҳиши талабот ба газ (бидуни зарурати пур кардани анборҳои зеризаминӣ) метавон ҳудуди 1000 доллар барои ҳазор метри мукааб нархро интизор шуд. Қаблан Белова қайд карда буд, кишварҳои баъдӣ, ки аз харидории газ аз Русия даст мекашанд, метавонанд Македонияи Шимолӣ, Ҳолланд ва Сербистон бошанд.Ёдовар мешавем, Полша ва Булғористон аввалин шуда, аз пардохти пули газ бо рубл худдорӣ карданд. Ба дунбол расонаҳо хабар доданд, ки Финландия низ тасмим гирифтааст, пули газро бо рубл пардохт накунад. 27 апрел "Газпром" содироти газ ба ширкати "Булғоргаз" ва PGNiG-и лаҳистониро мутаваққиф кард.Рӯзи 23 март раисиҷумҳур Владимир Путин дар бораи пардохт барои интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳое, ки алайҳи Русия чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, ба рубл хабар дод. Сипас ӯ фармони мувофиқро имзо кард ва гуфт, ки агар кишварҳои ғайридӯст аз 1 апрел бо рубл пардохт накунанд, Русия инро дар иҷрои қарордодҳои газ ҳамчун дефолт арзёбӣ хоҳад кард.Бар асоси тарҳи нав, "Газпромбонк" барои харидорони хориҷии газ ҳисобҳои махсуси арзӣ ва рублӣ боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъоре, ки дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд нишон дода шудааст, маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он рублро ба суратҳисоби харидори газ ва аз он бо таъминкунандаи газ - "Газпром" мегузаронад.
https://sputnik.tj/20220510/bloomberg-sodirot-naft-rusiya-gharb-khudkushi-1048326224.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/09/1046659816_258:0:2987:2047_1920x0_80_0_0_01306ad98b8f1c00edf21fbe8ae4c7ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл газ русия аврупо нарх иқтисод
рубл газ русия аврупо нарх иқтисод
Коршинос: Саркашӣ аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нархҳо дар Аврупо мешавад
11:12 10.05.2022 (Навсозишуда: 15:44 11.05.2022) Даст кашидан аз пардохти пули газ бо рубл боиси болоравии нави нархҳо дар Аврупо мешавад ва минбаъд шиддат гирифтани он аз теъдоди саркашҳои дигар вобаста аст
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пайдо шудани “саркашҳо” аз пардохти ҳаққи гази Русия тибқи нақшаи нав боиси болоравии нави қимати “сӯзишвории кабуд” дар Аврупо мешавад, мегӯяд, Мария Белова, мудири умури таҳқиқоти ширкати "Vygon Consulting" ба РИА "Новости".
"Наздик шудани муҳлатҳои пардохти пули гази аксари ширкатҳои аврупоӣ дар моҳи апрел боиси пайдо шудани "саркашҳо"-и нав мешавад, ки маънои болоравии нархҳоро дорад. То чӣ андоза қавӣ ва ба кадом муддат аз шумори онҳое вобаста аст, ки намехоҳанд, ҳамкорӣ бо "Газпром"-ро идома диҳанд", - мегӯяд ҳамсуҳбати оҷонсӣ.
Таҳлилгар афзуд, бо дарназардошти наздик шудани фасли тобистон ва дар натиҷа мавсими коҳиши талабот ба газ (бидуни зарурати пур кардани анборҳои зеризаминӣ) метавон ҳудуди 1000 доллар барои ҳазор метри мукааб нархро интизор шуд.
Қаблан Белова қайд карда буд, кишварҳои баъдӣ, ки аз харидории газ аз Русия даст мекашанд, метавонанд Македонияи Шимолӣ, Ҳолланд ва Сербистон бошанд.
Ёдовар мешавем, Полша ва Булғористон аввалин шуда, аз пардохти пули газ бо рубл худдорӣ карданд. Ба дунбол расонаҳо хабар доданд, ки Финландия низ тасмим гирифтааст, пули газро бо рубл пардохт накунад. 27 апрел "Газпром" содироти газ ба ширкати "Булғоргаз" ва PGNiG-и лаҳистониро мутаваққиф кард.
Рӯзи 23 март раисиҷумҳур Владимир Путин дар бораи пардохт барои интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳое, ки алайҳи Русия чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ кардаанд, ба рубл хабар дод.
Сипас ӯ фармони мувофиқро имзо кард ва гуфт, ки агар кишварҳои ғайридӯст аз 1 апрел бо рубл пардохт накунанд, Русия инро дар иҷрои қарордодҳои газ ҳамчун дефолт арзёбӣ хоҳад кард.
Бар асоси тарҳи нав, "Газпромбонк" барои харидорони хориҷии газ ҳисобҳои махсуси арзӣ ва рублӣ боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъоре, ки дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд нишон дода шудааст, маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он рублро ба суратҳисоби харидори газ ва аз он бо таъминкунандаи газ - "Газпром" мегузаронад.