Коршиноси турк: ИМА мехоҳад, Русияро ба ҷанг бикашад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкАктивная фаза учений Rapid Trident на Украине
Активная фаза учений Rapid Trident на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Обуна шудан
Сиёсати Вашингтон ба мустаҳкам намудани нақшаш ҳамчун гегемони ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Бритониёи Кабир иттифоқчии асосии ИМА мебошад, қайд мекунад таҳлилгар
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, бо Русия муноқишаи низомӣ барангезад ва барои ин аз Шветсия ва Финландия истифода мекунаду онҳоро ба НАТО ҷалб мекунад, аммо Туркия дар тавсеаи ин паймон Вашингтонро аз амалӣ кардани нақшаҳояш бозмедорад, гуфт рӯзноманигори турк Недим Шенер дар матлабе дар рӯзномаи "Hürriyet".
Ба фикри таҳлилгар, сиёсати ИМА ба мустаҳкам намудани нақшаш ҳамчун гегемони ҷаҳонӣ нигаронида шудааст ва Бритониёи Кабир дар ин роҳ иттифоқчии муҳимтарини америкоиҳо мебошад.
"Онҳо аз пуштибонии бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, пеш аз ҳама Олмон, ҳарчанд бо душворӣ ҳам бошад, бархӯрдор шудаанд. Онҳо интизор доранд, ки НАТО-ро тавсеа диҳанд ва Русияро бо ҷалб ба муноқиша заъиф кунанд. Аз ин рӯ пас аз Украина харитаҳои Финландия ва Шветсияро кашиданд. Мехоҳанд, ду кишваре, ки то ҳол бо бетарафии худ дар арсаи байналмилалӣ маъруф буданд, узви иттиҳоди низомӣ шаванд", - шарҳ дод Шенер.
Президент США Джордж Буш показывает записку государственному секретарю Кондолизе Райс на саммите ООН в Нью-Йорке. 2005 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Ҷорҷ Буш ҳамла ба Ироқро "беасос ва бераҳмона" хонд - видео
Вай қайд кард, ки маҳз Анкара метавонад ба нақшаҳои Вашингтон, ки ба оташ задани ҷанги ҷаҳонӣ нигаронда шудааст, монеъ шавад.
"Агар Туркия ба узвияти ин ду кишвар дар НАТО "не" бигӯяд ва ба он вето мегузорад, ин барои тамоми ҷаҳон, бахусус барои худи Шветсия ва Финландия як қадами муҳиме хоҳад буд", - хулоса кард таҳлилгар.
Туркия монеаи баррасии дархости Финландия ва Шветсия дар НАТО шудааст
Қаблан раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта буд, ки кишвараш наметавонад аз ворид шудани Шветсия ва Финландия ба НАТО пуштибонӣ кунад, зеро дар ин сурат ин иттиҳодия “ҷойе мешавад, ки дар он намояндагони бисёре аз террористон ҳузур хоҳанд дошт”.
Вай ёдовар шуд, ки Анкара аз Стокҳолм ва Ҳелсинки истирдоди 33 намояндаи Ҳизби коргарии Курдистон ва FETO-ро талаб карда буд, аммо ин дархости он рад карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0