https://sputnik.tj/20220519/bush-hamla-iroqr-beasos-1048560387.html
Ҷорҷ Буш ҳамла ба Ироқро "беасос ва бераҳмона" хонд - видео
Ҷорҷ Буш ҳамла ба Ироқро "беасос ва бераҳмона" хонд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни суханрониаш дар бора Украина иштибоҳ кард ва ҳамла ба Ироқро "ваҳшиёна" эълон кард
2022-05-19T13:00+0500
2022-05-19T13:00+0500
2022-05-19T20:32+0500
има
ҷорҷ буш
ироқ
сиёсат
президент
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102816/79/1028167957_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_5ba18e24c590b2d12425400ef44bd8ff.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешини ИМА дар ҷараёни баррасии авзоъ дар Украина дар бораи таҷовузи "беасос ва бераҳмона" ба Ироқ сухан гуфт. Дар як чорабинии интихоботии Донишкадаи Буш кишвардори пешини Амрико гуфт, ки низоми электронии Русия гӯё боиси ташдиди низоъ дар Украина шудааст. Ӯ афзуд, "ба Ироқ ҳам", ки тамошобинонро хандонд. Раисҷумҳури собиқ бо ишора ба синну солаш ин иштибоҳашро асоснок кард. "Ҳафтоду панҷ сол", - гуфт Буш, ки ин ибора низ шунавандагонро хандонд.Русия 24 феврал амалиёти вижаро барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина оғоз кард. Тавре Владимир Путин таъкид кард, ҳадафи он "ҳимояи одамоне аст, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Хуснуллин: Русия тамоми минтақаҳои озодшудаи Украинаро барқарор мекунад Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезанад ва ба мардуми осоишта ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. Амалиёти низомии нерӯҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва эътилофи зиддиироқии "Шок ва тарс" ("Shock and Awe" баъдан "Озодии Ироқ", Freedom Freedom) 20 марти соли 2003 оғоз ёфт. Сабаби расмии ҳамла изҳороти Вашингтон дар бораи иртиботи Саддом Ҳусейн бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамчунин маълумоти СРУ дар бораи мавҷудияти захираҳои силоҳи қатли ом дар Ироқ буд, ки баъдан таъйид нашуд. Амалиёти мазкур бидуни таҳримоти СММ сурат гирифт.
има
ироқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102816/79/1028167957_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_a9a4011a64ecc28245ad96f097adeaf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ироқ, украина, има, ҷорҷ буш
ироқ, украина, има, ҷорҷ буш
Ҷорҷ Буш ҳамла ба Ироқро "беасос ва бераҳмона" хонд - видео
13:00 19.05.2022 (Навсозишуда: 20:32 19.05.2022) Президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зимни суханрониаш дар бораи Украина иштибоҳ ва ҳамла ба Ироқро"ваҳшиёна" эълон кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури пешини ИМА дар ҷараёни баррасии авзоъ дар Украина дар бораи таҷовузи "беасос ва бераҳмона" ба Ироқ сухан гуфт.
Дар як чорабинии интихоботии Донишкадаи Буш кишвардори пешини Амрико гуфт, ки низоми электронии Русия гӯё боиси ташдиди низоъ дар Украина шудааст.
"Дар натиҷа (дар Русия) ҳеҷ гуна назорат ва мувозинат нест ... ва тасмими як нафар барои оғози ҳамлаи комилан беасос ва бераҳмона ба Ироқ, яъне Украина", - изҳор дошт Буш.
Ӯ афзуд, "ба Ироқ ҳам", ки тамошобинонро хандонд. Раисҷумҳури собиқ бо ишора ба синну солаш ин иштибоҳашро асоснок кард.
"Ҳафтоду панҷ сол", - гуфт Буш, ки ин ибора низ шунавандагонро хандонд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина оғоз кард. Тавре Владимир Путин таъкид кард, ҳадафи он "ҳимояи одамоне аст, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, артиши Русия танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезанад ва ба мардуми осоишта ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.
Амалиёти низомии нерӯҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва эътилофи зиддиироқии "Шок ва тарс" ("Shock and Awe" баъдан "Озодии Ироқ", Freedom Freedom) 20 марти соли 2003 оғоз ёфт.
Сабаби расмии ҳамла изҳороти Вашингтон дар бораи иртиботи Саддом Ҳусейн бо терроризми байналмилалӣ ва ҳамчунин маълумоти СРУ дар бораи мавҷудияти захираҳои силоҳи қатли ом дар Ироқ буд, ки баъдан таъйид нашуд. Амалиёти мазкур бидуни таҳримоти СММ сурат гирифт.