Нургалев: Ҳатто дар даврони ҷанги сард Ғарб ба Русия ин қадар таҳдид накарда буд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель секретаря Совета безопасности РФ Рашид Нургалиев
Заместитель секретаря Совета безопасности РФ Рашид Нургалиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран дар дидор бо дипломатҳои хориҷӣ гуфт, ки Ҳатто дар даврони ҷанги сард Ғарб ба Русия ин қадар таҳдид накарда буд
ДУШАНБЕ, 18май — Sputnik. Рашид Нургалиев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ҳатто дар даврони ҷанги сард Ғарб ин қадар ошкоро роҳбарият ва мардуми Русияро, тавре ки имрӯзҳо таҳдид мекунад, таҳдид накарда буд.
"Нозирони ғарбии режими Киев маъмулан тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст, бечунучаро аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва бо силоҳ таъмин мекунанд ва ҳамзамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор меоранд, то ҳамкорӣ бо Русияро қатъ намоянд", - гуфт Нургалиев дар мулокот бо сафирони хориҷӣ дар Маскав.

“Дар сатҳи олӣ таҳдидҳои таҷовузкорона ошкоро алайҳи кишвар ва мардуми мо садо медиҳанд, ки ҳатто дар замони ҷанги сард чунин набуд”, - гуфт Нургалиев.

Ба гуфтаи вай, дар фазои иттилоотии Украина ва Ғарб як ҳаяҷони бесобиқаи зиддирусӣ ҷараён дорад.
Боевая машина поддержки танков (БМПТ) Терминатор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Терминатор" дар Украина: Русия пурқувваттарин силоҳро дар амалиёти вижа истифода кард
"Васоити ахбори оммаи Русия ба таври оммавӣ табъиз ва масдуд карда мешаванд, шабакаҳои иҷтимоӣ поккорӣ мешаванд то Русияро аз имкони баёни нуқтаи назари худ ва баёни ҳақиқат маҳрум созанд", - афзуд Нургалиев.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврали соли равон оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0