https://sputnik.tj/20220518/sughd-kishti-sholiro-ziyod-narkhi-osh-arzon-1048546951.html
Дар Суғд кишти шолиро зиёд мекунанд. Нархи ош арзон мешавад?
Дар Суғд кишти шолиро зиёд мекунанд. Нархи ош арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Кишоварзони Суғд азм доранд, ки дар майдони беш аз 8 ҳазор га шолӣ кишт кунанд. Ин рақам дар муқоиса ба солҳои қаблӣ 100 га зиёд гуфта мешавад
2022-05-18T19:20+0500
2022-05-18T19:20+0500
2022-05-19T17:56+0500
дар тоҷикистон
шолӣ
кишт
кишоварзӣ
суғд
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101652/41/1016524150_0:173:1659:1106_1920x0_80_0_0_6f318cfa724a25842142f7276b7a686e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Оши палов маъмултарин таъоми тоҷикон аст, ки дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ, ҷашну маъракаҳои ҳукуматӣ ва шабнишиниҳои дӯстона зеби дастурхонҳо аст. Ин, албатта, ҳамагӣ самараи заҳмати кишоварзон гуфта мешавад. Биринҷ ва ё маҳсулоти асосии палов умдатан дар навоҳии Суғд парвариш карда мешавад.Ҳоло дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Конибодом, Панҷакент кишти шолӣ оғоз шудааст.Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори кишти шолӣ дар навоҳии Суғдро расонаӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, соли ҷорӣ майдони кишти соли дар муқоиса ба як соли қабл беш аз 100 га зиёд аст.Замини фаррохи шолию нархи осмонии нуриҳои минералӣФаррох намудани майдони шолӣ дар ҳолест, ки деҳқонон дар бораи афзоиши бесобиқаи нархи нуриҳои минералӣ ва маводи сӯзишворӣ суҳбат мекунанд. Кишоварзони шолипарвар мегӯянд, гароншавии нархи нуриҳои минералӣ ба ҷайби онҳо зарба ва ба кори деҳқонӣ таъсири манфӣ мерасонад.Умар Болтубоев, аз шолипарварони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, нархи нуриҳои минералӣ дар муқоиса ба як соли пеш то 70% гарон шуда, ба 630 сомонӣ дакка хӯрдааст.Дар Тоҷикистон ин гуна моддаҳои кимиёӣ асосан аз хориҷа, аз Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия ворид карда мешаванд. Тоҷирони воридкунандаи нуриҳои минералӣ сабаби то ду баробар гарон шудани нархро ба афзоиши қимати воридотии он рабт медиҳанд.Ҳоло нархи биринҷ вобаста ба навъаш дар бозорҳои Тоҷикистон аз 8 то то 11 сомонӣ рақам зада мешавад.Нархи як кило палови фармоишӣ дар чойхонаву ошхонаҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 300 то 350 сомонӣ аст.Ош арзон мешавад, агар маҳсулоти он арзон шавадОшхонадорон мегӯянд, гарон шудани нархи гӯшту биринҷро сабаби тағйирёбии нархи палов шудааст.Биринҷфурӯшони бозор мегӯянд, бо зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот нархи он дар бозорҳо коҳиш хоҳад ёфт.Аммо шоликорон ба кору заҳмати рӯзафзуни шолипарварӣ ишора мекунанд.Шолипарварон мегӯянд, барои гирифтани ҳосили хуб ба ҷуз кору заҳмати зиёд, ки ҳамаи онбо зӯри даст ба иҷро расонида мешавад, инчунин онҳо маводи лозими кимиёиро харидорӣ мекунанд, ки дар ин охирҳо қимати онҳо дар бозорҳо боло рафтааст.“Барои мисол, нархи як литр маводи сӯхт (солярка) соли гузашта ҳамагӣ 9 сомонӣ буд, ҳоло 12 сомонӣ шудааст. Дар пайи ин ҳолат нархи дарави майдони кишт ва ҳам ҷудо кардани биринҷ аз шолӣ, ки комбайн иҷро мекунад, баланд шудааст”, – қайд намуд шолипарвар.Соли гузашта дар умум аз тарафи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Суғд беш аз 56 000 тонна биринҷ рӯёнида шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар гектор 55 -сентнерӣ рост меояд.
https://sputnik.tj/20220514/narkh-ord-bozor-tojikiston-sabab-1048447261.html
https://sputnik.tj/20210426/sabotazh-narhi-ravghan-khest-tahqiq-omor-1039058705.html
https://sputnik.tj/20220319/rahmon-tahrimot-mushkili-ghizo-zakhira-1046916133.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101652/41/1016524150_104:0:1579:1106_1920x0_80_0_0_fd52e6670f7e3b1501a359b3245a5060.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нархи ош, шоли, биринҷ, суғд, болоравӣ, нарх
тоҷикистон, нархи ош, шоли, биринҷ, суғд, болоравӣ, нарх
Дар Суғд кишти шолиро зиёд мекунанд. Нархи ош арзон мешавад?
19:20 18.05.2022 (Навсозишуда: 17:56 19.05.2022) Кишоварзони Суғд азм доранд, ки дар майдони беш аз 8 ҳазор га шолӣ кишт кунанд. Ин рақам дар муқоиса ба солҳои қаблӣ 100 га зиёд гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Оши палов маъмултарин таъоми тоҷикон аст, ки дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ, ҷашну маъракаҳои ҳукуматӣ ва шабнишиниҳои дӯстона зеби дастурхонҳо аст. Ин, албатта, ҳамагӣ самараи заҳмати кишоварзон гуфта мешавад. Биринҷ ва ё маҳсулоти асосии палов умдатан дар навоҳии Суғд парвариш карда мешавад.
Ҳоло дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Конибодом, Панҷакент кишти шолӣ оғоз шудааст.
Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори кишти шолӣ дар навоҳии Суғдро расонаӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, соли ҷорӣ майдони кишти соли дар муқоиса ба як соли қабл беш аз 100 га зиёд аст.
“Соли гузашта нақша дурнамои кишти шолӣ 7,9 ҳазор га буд, имсол 8 ҳазору 60 га аст. Имсол аз ҳисоб зиёд шудани майдони кишт ҳосили бештарро интизорем”, – зикр кард масъули Идораи кишоварзӣ.
Замини фаррохи шолию нархи осмонии нуриҳои минералӣ
Фаррох намудани майдони шолӣ дар ҳолест, ки деҳқонон дар бораи афзоиши бесобиқаи нархи нуриҳои минералӣ ва маводи сӯзишворӣ суҳбат мекунанд. Кишоварзони шолипарвар мегӯянд, гароншавии нархи нуриҳои минералӣ ба ҷайби онҳо зарба ва ба кори деҳқонӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Умар Болтубоев, аз шолипарварони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, нархи нуриҳои минералӣ дар муқоиса ба як соли пеш то 70% гарон шуда, ба 630 сомонӣ дакка хӯрдааст.
“Нархи як халта (50 кг) мочевина 580 сомонӣ ва нитроаммофоска ба 630 сомонӣ баробар шудааст. Нархи фурӯши ин навъ нуриҳои минералӣ соли гузашта ҳамагӣ 230 ва 250 сомонӣ буд. Деҳқон аз кадом ҳисоб пул ёфта, бо чунин нарх маводи кимёӣ барои майдони зироаташ хариддорӣ кунад?” – иброз намуд ин шолипарвар.
Дар Тоҷикистон ин гуна моддаҳои кимиёӣ асосан аз хориҷа, аз Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия ворид карда мешаванд. Тоҷирони воридкунандаи нуриҳои минералӣ сабаби то ду баробар гарон шудани нархро ба афзоиши қимати воридотии он рабт медиҳанд.
Ҳоло нархи биринҷ вобаста ба навъаш дар бозорҳои Тоҷикистон аз 8 то то 11 сомонӣ рақам зада мешавад.
Нархи як кило палови фармоишӣ дар чойхонаву ошхонаҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз 300 то 350 сомонӣ аст.
Ош арзон мешавад, агар маҳсулоти он арзон шавад
Ошхонадорон мегӯянд, гарон шудани нархи гӯшту биринҷро сабаби тағйирёбии нархи палов шудааст.
“Як кило гӯшт 80 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 35 сомонӣ, биринҷ 11 сомонӣ, сабзӣ 6 сомонӣ шудааст. Барои омода кардани ош сӯзишворӣ масраф мекунед, ки агар ҳисоб кунед, қариб ба нархи ош баробар мешавад”, – гуфт яке аз ошхонадорон дар Хуҷанд.
Биринҷфурӯшони бозор мегӯянд, бо зиёд шудани ҳаҷми маҳсулот нархи он дар бозорҳо коҳиш хоҳад ёфт.
Аммо шоликорон ба кору заҳмати рӯзафзуни шолипарварӣ ишора мекунанд.
Шолипарварон мегӯянд, барои гирифтани ҳосили хуб ба ҷуз кору заҳмати зиёд, ки ҳамаи онбо зӯри даст ба иҷро расонида мешавад, инчунин онҳо маводи лозими кимиёиро харидорӣ мекунанд, ки дар ин охирҳо қимати онҳо дар бозорҳо боло рафтааст.
“Барои мисол, нархи як литр маводи сӯхт (солярка) соли гузашта ҳамагӣ 9 сомонӣ буд, ҳоло 12 сомонӣ шудааст. Дар пайи ин ҳолат нархи дарави майдони кишт ва ҳам ҷудо кардани биринҷ аз шолӣ, ки комбайн иҷро мекунад, баланд шудааст”, – қайд намуд шолипарвар.
Соли гузашта дар умум аз тарафи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Суғд беш аз 56 000 тонна биринҷ рӯёнида шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар гектор 55 -сентнерӣ рост меояд.