Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон 20 % боло рафт: сабаб дар чист

© Sputnik / Андрей СтенинМешок муки, архивное фото
Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон то ба 360-370 сомонӣ баланд шуд. Ин рақам дар муқоиса ба як моҳи пеш 55-65 сомонӣ ва ё 20 % зиёд гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Ордфурӯшон болоравии нархро инкор намекунанд, балки сабаби онро шарҳ медиҳанд.
Мирзоравшан як тоҷири ордфурӯш дар бозори “Панҷшанбе” -и Хуҷанд гуфт, ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои содироти гандум аз Қазоқистон ҳудуди як моҳ ба ин тарф ба болоравии нархи воридоти ин маводи ғизоӣ бетаъсир намондааст.

“Вақте сабаби болоравии нархи ордро аз осиёчиҳо мепурсем, изҳор мекунанд, ки як моҳ ба ин тараф нархи ҳар тоннаи воридоти гандум то 100 долларӣ гарон шудааст”, - гуфт ордфурӯш ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло нархи як халтаи 50 килои орди навъи якум 355 сомонӣ ва халтаи 45 килоии орди навъи дуюм 305 сомонӣ аст.
Ин нарх дар муқоиса ба як моҳи пеш 60 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Ҳудуди як моҳи пеш арзиши 50 кило орди навъи якум дар бозорҳои Хуҷанд 290 сомонӣ ва орди навъи дуюм 260 сомонӣ рақам зада мешуд.
Тоҷирони ордфурӯш мегӯянд, болоравии нархи орд ба ин ҳол суръати савдои онҳоро коҳиш додааст.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Орд арзон мешавад? Дар Суғд майдони кишти гандумро зиёд карданд
Яке аз ордфурӯшони бозори “Фаровон” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, пештар мардум халтаи 50 килоии ордро асосан яклухт мехариданд, ҳоло бо сабаби болоравии нарх онро қисмат мекунанд.
“Бисёриҳо меоянду мегӯянд, ки 15 кило ё 30 кило орд баркашед. Мо мувофиқ ба хости хариддор онро медиҳем. Хариддорон ҳоло бештар барои эҳтиёҷоти рӯзмараи худ орд мехаранд, на ба хотири онро захира намудан”, – гуфт фурӯшанда.

Дар бозорҳои ҷануби кишвар арзиши орд гаронтар

Зимнан, арзиши орд дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлону Бадахшон ба марзи 370 сомонӣ наздик шудааст.
Тоҷирон мегӯянд аз он, ки орд умдатан аз осиёҳои Суғд ба бозорҳои навоҳии ҷануби кишвар интиқол дода мешавад, пардохти роҳкиро ва тарозупулӣ ба нархи аслии мол зам мешавад.
“То 400 километр роҳро тай мекунанд ва дар ин миён сӯзишворӣ харҷ мекунанду маблағи тарозуи роҳро пардохт мекунанд. Аз ҳамин сабаб халтаи орд назар ба бозорҳои Суғд дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Хатлону ВМКБ то 10-15 сомонӣ баландтар аст” , - қайд намуд тоҷири ордфурӯш.
Нимаҳои моҳи апрел Қазоқистон дар содироти ғалла ва орд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ намуд.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Ербол Карашукеев, вазири хоҷагии деҳоти ин кишвар дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва орд ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон яке аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.
Масъулони бахши растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Бино ба иттилои ин вазорат, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад, ки боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Ба ҳамин тартиб бозори истеъмолии Тоҷикистон солона ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.

Умед ба ҳосили гандуму орди нав

Масъулони идораи кишоварзӣ мегуянд, болоравии нархи орд дар бозорҳои кишвар муваққатӣ аст ва бо шурӯъ шудани мавсими дарави ғалла дар навоҳии кишвар нархи он ба таври табиӣ поён меравад.
Мавсими дарави ғалла дар навоҳии ҷануби кишвар дар охирҳои моҳи май ва дар Суғд дар даҳаи аввали моҳи июн оғоз хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, кишоварзони вилояти Суғд мегӯянд, барои гирифтани ҳосили бештар соли ҷорӣ майдони кишти ғалла, аз ҷумла гандумро васеъ намудаанд.
Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи Сарраёсати кишоварзии Суғд, нисф зиёди майдони 80 ҳазор гектораи зироати ғалладонагиҳоро кишти гандум ташкил медиҳад.
"Аз майдони умумии кишт чиҳил ҳазор гектор ҷав ва чиҳил ҳазор гектори дигар гандум мебошад", - афзуд Маҳмудзода.
Ин масъули кишоварзии Суғд мегӯяд, ин танҳо омори бахши ҷамъиятӣ, яъне хоҷагиҳои кишоварзӣ аст ва масоҳати умумии ғалладонигиҳо, ки сокинон дар заминҳои лалмӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ кишт намудаанд, дар моҳҳои июн ё июл маълум хоҳад шуд.
Номбурда бо истинод ба маълумоти омории идораи кишоварзӣ гуфт, замини кишти гандуми баҳорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор га зиёд ва ба 18 ҳазор га баробар шудааст. Майдони кишти гандуми тирамоҳӣ 22 ҳазор га рақам зада мешавад.
Соли гузашта аз майдони 38 ҳазор га гандум 123 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0