https://sputnik.tj/20220319/rahmon-tahrimot-mushkili-ghizo-zakhira-1046916133.html
Раҳмон аз таъсири таҳримот ба Тоҷикистон, мушкилии таъмини ғизо гуфт: захира кунед
Раҳмон аз таъсири таҳримот ба Тоҷикистон, мушкилии таъмини ғизо гуфт: захира кунед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, даврони коронавирус нишон дод, ки ҳама дар фикри ҳалли мушкилоти худ аст ва аз аҳолӣ даъват кард, ки сарфакор бошанд
2022-03-19T11:00+0500
2022-03-19T11:00+0500
2022-03-21T18:12+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
таҳримот
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046843678_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_80e103fee5789760203fe9c1a6bdc234.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми наврӯзияш ба тоҷикистониён гуфт, ҷаҳон вазнинтарин солҳоро аз сар мегузаронад.Ӯ бо ишора ба таҳримот, аҳолиро ба сарфакорӣ даъват карда гуфтааст, ки он ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.Раисҷумҳур бо дарназардошти вазъи баамаломада гуфт, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.Ба гуфтаи президент, ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.Раисиҷумҳур аҳолиро ба сабру таҳаммул даъват карда гуфтааст, ки ба воҳимаву таҳлука наафтанд, чун мушкилоти муваққатӣ ва гузарандаанд."Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем",- таъкид кард президент.Президент ба истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани се-чор ҳосил даъват кардааст.Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад, афзуд президент.
https://sputnik.tj/20220310/tojikiston-narkhi-mahsulot-ghizoi-garon-1046664677.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046843678_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_15e2bc2773956ffcaf71547e42eebe0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон таҳримот мушкил ғизо сарфакорӣ
раҳмон таҳримот мушкил ғизо сарфакорӣ
Раҳмон аз таъсири таҳримот ба Тоҷикистон, мушкилии таъмини ғизо гуфт: захира кунед
11:00 19.03.2022 (Навсозишуда: 18:12 21.03.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, даврони коронавирус нишон дод, ки ҳама дар фикри ҳалли мушкилоти худ аст ва аз аҳолӣ даъват кард, сарфакор бошанд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми наврӯзияш ба тоҷикистониён гуфт, ҷаҳон вазнинтарин солҳоро аз сар мегузаронад.
Ӯ бо ишора ба таҳримот, аҳолиро ба сарфакорӣ даъват карда гуфтааст, ки он ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.
"Соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад",- афзуд Раҳмон.
Раисҷумҳур бо дарназардошти вазъи баамаломада гуфт, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.
Ба гуфтаи президент, ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.
Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.
Раисиҷумҳур аҳолиро ба сабру таҳаммул даъват карда гуфтааст, ки ба воҳимаву таҳлука наафтанд, чун мушкилоти муваққатӣ ва гузарандаанд.
"Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем",- таъкид кард президент.
Президент ба истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани се-чор ҳосил даъват кардааст.
Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад, афзуд президент.