https://sputnik.tj/20220517/bunyodi-inshooti-hisor-jashni-istiqloliyat-1048524352.html
Бунёди беш аз 1500 бинои нав дар Ҳисор то ҷашни 35-солагии истиқлол
Бунёди беш аз 1500 бинои нав дар Ҳисор то ҷашни 35-солагии истиқлол
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додааст, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ беш аз 1500 иншооти нав бунёд мешавад
2022-05-17T22:00+0500
2022-05-17T22:00+0500
2022-05-17T22:00+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
иншоот
бино
истиқлолият
ҳисор
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/87/1025388742_0:178:3000:1866_1920x0_80_0_0_12a48887fb40fea113645c2125d0c579.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Ин масъала ахиран дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳри Ҳисор, ки бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои масъул, ки ба ҳайати зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ вориданд, таъкид гардид, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.Дар ин ҷаласа мақомоти ин шаҳр қайд намудааст, ки дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон беш аз 1500 бинои дорои таъиноташ гуногун бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд.Ҳамзамон дар ин ҷаласа нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ барои корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои фармони президент барои омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии истиқлол ва қарори раиси шаҳри Ҳисор “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.Қосим Роҳбар, раиси шаҳр нақшаи зергурӯҳҳои кориро, ки дар самти сохтмон, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ, сайёҳию хидматрасонӣ ва савдо, ки дар маҷмуъ, 1545 ададро ташкил додааст, муаррифӣ намуд.Манбаъ қайд кардааст, ки лоиҳаи нақшаи барномаҳо бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои тасдиқ ба ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки моҳи июн баргузор мегардад, ирсол шудааст.
https://sputnik.tj/20220516/naqsha-balandoshyona-hisor-qosim-rahbar-1048476036.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102538/87/1025388742_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_9f9710653bbc5ad49655170b58cbe659.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳисор, сохтмон, истиқлолият, мақомот, иншоот, бино
тоҷикистон, ҳисор, сохтмон, истиқлолият, мақомот, иншоот, бино
Бунёди беш аз 1500 бинои нав дар Ҳисор то ҷашни 35-солагии истиқлол
Мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додаанд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ беш аз 1500 бинои нав бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Ин масъала ахиран дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳри Ҳисор, ки бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои масъул, ки ба ҳайати зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ вориданд, таъкид гардид, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Дар ин ҷаласа мақомоти ин шаҳр қайд намудааст, ки дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон беш аз 1500 бинои дорои таъиноташ гуногун бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ барои корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои фармони президент барои омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии истиқлол ва қарори раиси шаҳри Ҳисор “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон” баррасӣ гардид.
Қосим Роҳбар, раиси шаҳр нақшаи зергурӯҳҳои кориро, ки дар самти сохтмон, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ, сайёҳию хидматрасонӣ ва савдо, ки дар маҷмуъ, 1545 ададро ташкил додааст, муаррифӣ намуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки лоиҳаи нақшаи барномаҳо бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои тасдиқ ба ҷаласаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки моҳи июн баргузор мегардад, ирсол шудааст.