https://sputnik.tj/20220516/naqsha-balandoshyona-hisor-qosim-rahbar-1048476036.html
Нақшаи бунёди 100 бинои баландошёна дар Ҳисор ва ҳушдори Қосим Раҳбар аз мушкилот
Нақшаи бунёди 100 бинои баландошёна дар Ҳисор ва ҳушдори Қосим Раҳбар аз мушкилот
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Ҳисор барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти эҳтимолии марбут ба таъминоти барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дастур додааст
2022-05-16T11:20+0500
2022-05-16T11:20+0500
2022-05-16T11:31+0500
дар тоҷикистон
қосими раҳбар
сохтмон
шаҳр
иҷтимоъ
барқ
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/85/1014708532_446:0:1600:649_1920x0_80_0_0_99a66d38ea13f8d1f4be8798d93f64e7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Ҳисор азм дорад, ки то соли 2026 - 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ бунёд кунад, хабар додааст "Ховар". Ба иттилои манбаъ, дар ин робита шаҳрдори Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот ҷаласа баргузор карда, аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳушдор дод. Пешниҳод шудааст, ки бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ, хатти иловагӣ ба маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва маҳаллаи 8-ум кашида шавад. Зимни таҳлили тарҳ сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев изҳор доштааст, ки барои харидории пояҳои оҳану бетонӣ, ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо ва ғайра ҳудуди ним миллион сомонӣ зарур аст. Мақомот мегӯянд, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави 4-километрӣ таъминоти барқ дар Ҳисор беҳтар гардида, талафоти он коҳиш дода мешавад. "Таъминоти сокинони шаҳрак бо барқи хушсифат ва оби ошомиданӣ беҳтар ва аз ин ҳисоб сарбории дигар трансформаторҳо кам мегардад", - омадааст дар иттилоия. Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида муваззаф намудааст.
https://sputnik.tj/20220420/hisor-majmaa-hisor-mall-1047793994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101470/85/1014708532_328:0:1600:954_1920x0_80_0_0_49e42ac59a34030bfed51a6e8c549887.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, қосим раҳбар, мушкилот, ҳисор, биноҳои навбунёд
ҳушдор, қосим раҳбар, мушкилот, ҳисор, биноҳои навбунёд
Нақшаи бунёди 100 бинои баландошёна дар Ҳисор ва ҳушдори Қосим Раҳбар аз мушкилот
11:20 16.05.2022 (Навсозишуда: 11:31 16.05.2022) Раиси шаҳри Ҳисор барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти эҳтимолии марбут ба таъминоти барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дастур додааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳукумати Ҳисор азм дорад, ки то соли 2026 - 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ бунёд кунад, хабар додааст "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, дар ин робита шаҳрдори Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот ҷаласа баргузор карда, аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳушдор дод.
Пешниҳод шудааст, ки бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ ва пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ, хатти иловагӣ ба маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва маҳаллаи 8-ум кашида шавад.
Зимни таҳлили тарҳ сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев изҳор доштааст, ки барои харидории пояҳои оҳану бетонӣ, ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо ва ғайра ҳудуди ним миллион сомонӣ зарур аст.
Мақомот мегӯянд, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави 4-километрӣ таъминоти барқ дар Ҳисор беҳтар гардида, талафоти он коҳиш дода мешавад.
"Таъминоти сокинони шаҳрак бо барқи хушсифат ва оби ошомиданӣ беҳтар ва аз ин ҳисоб сарбории дигар трансформаторҳо кам мегардад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида муваззаф намудааст.