https://sputnik.tj/20220516/rahmon-voridi-maskav-shud-1048483740.html
Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд
Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
2022-05-16T14:36+0500
2022-05-16T14:36+0500
2022-05-16T15:45+0500
дар тоҷикистон
маскав
эмомалӣ раҳмон
спад
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/95/1028689561_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_d9d69e3b49bf71f196819bedb2417130.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд. Дар ин хусус сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.Қаблан сафари раисҷумҳури кишвар ба Маскавро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии президент тасдиқ карда буданд.Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Русия бо Владимир Путин, раисҷумҳур ин кишвар мулоқот мекунад ё на.Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид кард, ки баъд аз нишасти сарони СПАД раҳбари Русия тасмим дорад, як силсила музокирот анҷом диҳад.Ба гуфтаи Песков, интизор меравад, ки пас аз поёни ин нишаст ба хабарнигорон аз ҷониби дабири кулли созмон – Станислав Зас ва ҳамчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян маълумот дода мешавад.Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Арманистон ҳоло раиси ин созмон аст.Қаблан гуфта мешуд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи нишаст бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусаш мулоқот мекунад."Ҳар ду хоҳад буд. Дар як рӯз", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки мулоқоти Путин ва Лукашенко дуҷониба хоҳад буд ё дар чаҳорчӯби нишасти СПАД баргузор мешавад.Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд (Ӯзбекистон) таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220516/emomali-rahmon-maskav-1048474089.html
https://sputnik.tj/20220513/rahmonu-putin-vazi-marzi-tojikiston-afghoniston-1048440047.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/95/1028689561_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_f808a2de40897c248b5a0bc94444a5ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маскав, эмомалӣ раҳмон, ворид, маскав, сафари корӣ, спад
тоҷикистон, маскав, эмомалӣ раҳмон, ворид, маскав, сафари корӣ, спад
Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд
14:36 16.05.2022 (Навсозишуда: 15:45 16.05.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки 16 май дар Маскав баргузор мешавад, вориди пойтахти Русия шуд.
Дар ин хусус сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян барои ширкат дар ҳамоиши солонаи СПАД, ки ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД баргузор мешавад, вориди Маскав шуд.
Қаблан сафари раисҷумҳури кишвар ба Маскавро дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуотии президент тасдиқ карда буданд.
Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Русия бо Владимир Путин, раисҷумҳур ин кишвар мулоқот мекунад ё на.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл таъкид кард, ки баъд аз нишасти сарони СПАД раҳбари Русия тасмим дорад, як силсила музокирот анҷом диҳад.
Ба гуфтаи Песков, интизор меравад, ки пас аз поёни ин нишаст ба хабарнигорон аз ҷониби дабири кулли созмон – Станислав Зас ва ҳамчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян маълумот дода мешавад.
Вай ҳамчунин ёдовар шуд, ки Арманистон ҳоло раиси ин созмон аст.
Қаблан гуфта мешуд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар рӯзи нишаст бо Александр Лукашенко, ҳамтои белорусаш мулоқот мекунад.
"Ҳар ду хоҳад буд. Дар як рӯз", - гуфт Песков дар посух ба ин суол, ки мулоқоти Путин ва Лукашенко дуҷониба хоҳад буд ё дар чаҳорчӯби нишасти СПАД баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
СПАД 15 майи соли 1992 дар Тошканд (Ӯзбекистон) таъсис ёфтааст.