https://sputnik.tj/20220513/rahmonu-putin-vazi-marzi-tojikiston-afghoniston-1048440047.html
Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба дар суҳбати телефонӣ бо роҳбари Русия ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзро баррасӣ кардааст
2022-05-13T21:30+0500
2022-05-13T21:30+0500
2022-05-13T22:25+0500
дар тоҷикистон
дар русия
афғонистон
марз
таҳдид
хатар
суҳбати телефонӣ
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/33/1028693329_0:0:2881:1622_1920x0_80_0_0_9414a03dd68ea34057e7f0746b3ce34e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Нигаронӣ аз вазъи ташвишовар дар Афғонистон меҳвари гуфтугӯҳои ду раисҷумҳур буд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни суҳбат вазъи ташвишовари Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.“Дар робита ба ин ҷонибҳо бар аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният таъкид карданд”, - зикр кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.Ёдрас менамоем, ки дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.Дар ин зимн Гулбудини Ҳикматиёр, роҳбари ҳизби исломии Афғонистон таҳдид ба ниқоргирӣ аз Тоҷикистон ба далели гӯё пойгоҳ додани кишвар ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон карда буд, ки вокунишҳои мухталифро дар пай дошт.
https://sputnik.tj/20220513/rahmon-maskav-bozdid-1048422718.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/33/1028693329_112:0:2843:2048_1920x0_80_0_0_6f801d409a61a36969f4e4a76770770e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир путин, суҳбат, телефонӣ, кремл, афғонистон, марз
тоҷикистон, русия, эмомалӣ раҳмон, владимир путин, суҳбат, телефонӣ, кремл, афғонистон, марз
Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
21:30 13.05.2022 (Навсозишуда: 22:25 13.05.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба дар суҳбати телефонӣ бо роҳбари Русия ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзро баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Нигаронӣ аз вазъи ташвишовар дар Афғонистон меҳвари гуфтугӯҳои ду раисҷумҳур буд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҷараёни суҳбат вазъи ташвишовари Афғонистон ва дар ин зимн вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ карор доданд.
Ҳамчунин роҳбарони ду кишвар атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи масъалаҳои мубрами минтақаӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
“Дар робита ба ин ҷонибҳо бар аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният таъкид карданд”, - зикр кардааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдрас менамоем, ки дар ин авохир ноамниҳое дар мантақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд, ки аз тарафи расонаҳо ва коршиносон шарҳу тафсили мухталиф доштаанд.
Дар ин зимн Гулбудини Ҳикматиёр, роҳбари ҳизби исломии Афғонистон таҳдид ба ниқоргирӣ аз Тоҷикистон ба далели гӯё пойгоҳ додани кишвар ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон карда буд, ки вокунишҳои мухталифро дар пай дошт.