https://sputnik.tj/20220516/emomali-rahmon-maskav-1048474089.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмии ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд
2022-05-16T09:29+0500
2022-05-16T09:29+0500
2022-05-16T11:46+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
маскав
сарони кишварҳои аъзои саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102108/90/1021089024_0:408:2915:2048_1920x0_80_0_0_849d2d7ac84e108d909cd3ea9fd62756.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафт.Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазир ва дигар мақомдорони давлатӣ гусел намуданд. Дар сафар ба Маскав раисҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар доираи ин сафар интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бахшида ба 30-юмин солгарди имзои аҳднома ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон иштирок намояд. Инчунин мулоқоту музокироти дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои узв пешбинӣ шудааст. Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақавӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт. Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.
https://sputnik.tj/20220515/rusiya-munosibot-afzaliyatdor-tojikiston-1048467515.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102108/90/1021089024_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_861c7815e862ea15242ea22f8a71b4dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, эмомалӣ раҳмон, маскав
сафар, эмомалӣ раҳмон, маскав
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
09:29 16.05.2022 (Навсозишуда: 11:46 16.05.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар сафари корӣ ба пойтахти Русия вазири корҳои хориҷии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, Қоҳир Расулзода, сарвазир ва дигар мақомдорони давлатӣ гусел намуданд.
Дар сафар ба Маскав раисҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар доираи ин сафар интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бахшида ба 30-юмин солгарди имзои аҳднома ва 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон иштирок намояд.
Инчунин мулоқоту музокироти дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои узв пешбинӣ шудааст.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯйи роҳбарони 6 кишвари ИДМ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имзо гардид. Сентябри соли 1993 ба он Озарбойҷон ва моҳи декабри он сол Гурҷистону Белорус ҳамроҳ шуданд. Созишнома аз 20 апрели соли 1994 мавриди амал қарор гирифт.
Моҳи апрели соли 1999 танҳо 6 давлат протокол дар мавриди тамдиди аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имзо карда, Ӯзбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон худдорӣ намуданд.
Рӯзи 14 майи соли 2002 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав барои табдил ба созмони байналмилалии минтақавӣ таҳти унвони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қарор қабул карду 18 сентябри соли 2003 оинномаи СААД мавриди амал қарор гирифт.
Феълан СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро шомил мешавад.