https://sputnik.tj/20220420/hisor-majmaa-hisor-mall-1047793994.html
Дар Ҳисор маҷмааи баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад
Дар Ҳисор маҷмааи баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
"Hisor Мall" аз як бинои 20 - ошёнӣ ва ду бинои 17 - ошёнӣ иборат хоҳад буд. Интизор меравад, ки ин маҷмаа соли 2024 ба баҳрабардорӣ расад
2022-04-20T12:50+0500
2022-04-20T12:50+0500
2022-04-20T13:07+0500
ҳисор
дар тоҷикистон
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047793459_0:9:1081:617_1920x0_80_0_0_fd46d79af64dfd20723313139119d993.jpg
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор Маҷмаи бисёрвазифавии баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад.Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.Тибқи гузориши манбаъ, тарҳи онро ҶДММ "Архиком-К" омода намуда, аз лиҳози сохту услуби меъморӣ дар ҷумҳурӣ нодир аст ва бунёди онро ширкати сохтмонии "Себистон 2018" бар дӯш дорад.Ахиран бо рафти сохтмони мазкур раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ошно шуда, тарҳи онро беҳтарин унвон карду ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастур дод. Масъулони ширкати сохтмонии "Себистон 2018" зимни вохӯрӣ ба раиси шаҳри Ҳисор гуфтаанд, ки минбаъд барои тасреи корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар аз мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд. Тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат хоҳад буд.Дар ошёнаҳои якуму дуюми бино бунёди марказҳои савдою хизматрасонӣ, аз қабили супермаркетҳо, тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, кинотеатр, бонк, толорҳои бозиҳои кӯдакона ва компютерӣ дар назар дошта шудааст.Ҳамчунин дар ошёнаи аввал кошонаи ҳусн, фитнесклубҳои занонаву мардона, ҳавзи шиноварӣ, дигар марказҳои хизматрасонӣ, инчунин дар таҳхонаи бино, дар ду ошёна тавақуфгоҳ барои мошинҳо, ки дар Ҳисор таҷрибаи аввалин ба ҳисоб меравад, сохта мешавад.Қосим Роҳбар аз сохтмони фабрикаи парандапарварӣ дидан карду ба масъулин супориш додДар марказҳои хидматрасонии ҳудуди иншоот ба сокинони биноҳои мазкур дар пардохти маблағи он 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад. Манбаъ афзуда, ки феълан аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии "Усто Набот", "Металлинвест", "Евростандарт", "Дилосо", "Нури Дилшод", "Сохтмон Қалъа", "Ормон 2019", "Заррин 21" дар 26 мавзеи шаҳри Ҳисор сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хидматрасонӣ идома дорад.Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлол ба баҳрабардорӣ хоҳанд расид.
https://sputnik.tj/20220214/vada-qosim-rohbar-rais-hisor-1045851653.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047793459_40:0:1033:745_1920x0_80_0_0_75cd9add0d051c740ca3c5fef5c341ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"hisor мall", маблағ, ҳисор, сохтмон
"hisor мall", маблағ, ҳисор, сохтмон
Дар Ҳисор маҷмааи баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад
12:50 20.04.2022 (Навсозишуда: 13:07 20.04.2022) "Hisor Мall" аз як бинои 20-ошёнӣ ва ду бинои 17-ошёнӣ иборат хоҳад буд. Интизор меравад, ки ин маҷмаъ соли 2024 ба баҳрабардорӣ расад
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Дар шаҳри Ҳисор Маҷмаи бисёрвазифавии баландошёнаи "Hisor Мall" бунёд мешавад.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Тибқи гузориши манбаъ, тарҳи онро ҶДММ "Архиком-К" омода намуда, аз лиҳози сохту услуби меъморӣ дар ҷумҳурӣ нодир аст ва бунёди онро ширкати сохтмонии "Себистон 2018" бар дӯш дорад.
Ахиран бо рафти сохтмони мазкур раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ошно шуда, тарҳи онро беҳтарин унвон карду ба сохтмончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастур дод.
Масъулони ширкати сохтмонии "Себистон 2018" зимни вохӯрӣ ба раиси шаҳри Ҳисор гуфтаанд, ки минбаъд барои тасреи корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар аз мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд.
Тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат хоҳад буд.
Дар ошёнаҳои якуму дуюми бино бунёди марказҳои савдою хизматрасонӣ, аз қабили супермаркетҳо, тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, кинотеатр, бонк, толорҳои бозиҳои кӯдакона ва компютерӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар ошёнаи аввал кошонаи ҳусн, фитнесклубҳои занонаву мардона, ҳавзи шиноварӣ, дигар марказҳои хизматрасонӣ, инчунин дар таҳхонаи бино, дар ду ошёна тавақуфгоҳ барои мошинҳо, ки дар Ҳисор таҷрибаи аввалин ба ҳисоб меравад, сохта мешавад.
Дар марказҳои хидматрасонии ҳудуди иншоот ба сокинони биноҳои мазкур дар пардохти маблағи он 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад.
Манбаъ афзуда, ки феълан аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии "Усто Набот", "Металлинвест", "Евростандарт", "Дилосо", "Нури Дилшод", "Сохтмон Қалъа", "Ормон 2019", "Заррин 21" дар 26 мавзеи шаҳри Ҳисор сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хидматрасонӣ идома дорад.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлол ба баҳрабардорӣ хоҳанд расид.