Ҷангу фоҷиаи Ҳиндукуш: “Таслим нашуду аз гуруснагӣ ҷон дод”

© AP / Bashir Khan SafiАфганский силовик во время боя с талибами, архивное фото
Афганский силовик во время боя с талибами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Обуна шудан
Ҷангҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо ҳукумати толибон фоҷеаҳои бузургеро дар ин кишвари ҷангзада ба бор овардааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин ҷангҳо аз 7 май ба ин сӯ дар вилоятҳои Панҷшеру Бағлон ва Тахор идома доранд.
Абдулҳасиб Набард, як тан аз сарбозони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз шуруи даргириҳо дар вулусволии Дараи вилояти Панҷшер мардуми зиёди мулкӣ ба хотири наҷоти ҷони худ ба кӯҳҳо боло шуданд ва қурбонии тиру гуруснагӣ гаштанд.
“Аз як хонаводаи рустои Тунхуи вулусволии Дара се бародар ба номҳои Айнуллоҳ, Лутфуллоҳ ва Карзай, ки аз 18 то 27 сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Аввалӣ, ки деҳқон буд, аз чараи тӯпи толиб ва дуввумӣ, ки омӯзгор буд ва сеюмӣ мактабхон, аз гуруснагӣ. Ҳарчанд толибон аз мардум даъват мекарданд, ки таслим шаванд, аммо ду бародар гуруснагиву маргро интихоб карданд”, - гуфт Абдулҳасиб Набард.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Ҷабҳаи муқовимат: Толибон талофии шикасташонро дар Панҷшер аз ғайринизомиён мегиранд
Даргириҳо дар дараи Абдуллохели вулусволии Дараи вилояти Панҷшер замоне оғоз шуд, ки толибон ба хотири дастгир кардани Мавлавӣ Абдулваро Қаюмӣ омаданд. Ахирӣ намози идро дар рӯзи 2 май имоматӣ карда буд, дар ҳоле ки толибон рӯзи 1 майро рӯзи Иди фитр эълон карда буданд.
Аммо миёни Толибоне, ки барои боздошт омада буданд ва толибони маҳаллии таҳти амри Маликхон, сардори шӯъбаи истихбороти пулиси вилояти Панҷшер таниши лафзӣ ба миён омад ва бо кушта шудани як мулкӣ ба номи Мирзоҷон анҷомид.
Афроди Маликхон теъдоде аз толибонеро, ки аз маркази вилоят омада буданд, кушта, бақияро фирор доданд ва ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд. Ҳамон шаб вулусволиҳои Дара ва Обшори вилояти Панҷшер, ки таҳти нуфузи Маликхон қарор дошт, аз вуҷуди толибон озод шуд.

Маргу гуруснагӣ

Ин шикаст моҷароро ба Кобул кашонд ва Мулло Яъқуб, вазири дифоъи толибон ҳудуди 5 ҳазор нерӯи дигарро бар изофаи нерӯҳои ҳозир дар Панҷшер ба ин дара эъзом кард.
8 май нерӯҳои толибон ба дараи Абдуллоҳхел ҳуҷум бурданд. Мардуми дара аз тарси толибон рӯ ба фирор оварда, ба рустоҳои ҳамсоя ва кӯҳҳои баланд, ки ҳанӯз барфҳояшон об нашудааст, паноҳ бурданд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дар қароргоҳҳои Дара мустақар буданд, ба нерӯҳои Маликхон пайваста, вориди ҷанг шуданд ва дар пайи он талафоти сангинеро ба толибон ворид карданд.
Дар ҳамин ҳол, Абдулҳасиб Набард мегӯяд, Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ба дараи Абдуллохел омада, аз мардум даъват кард, ки ба хонаҳои худ баргарданд.
“Вай гуфт, ки шахсан замонати амнияти онҳоро хоҳад дод. Мардум ҳам, ки аз сардиву гуруснагӣ ба танг омада буданд, ҳамагӣ поин омаданд ва толибон эълон карданд, ки муқовиматгарҳо ба иморат пайвастаанд”, - гуфт вай.
Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар ҷангҳои дараи Абдуллохел то ба имрӯз ҳудуди 17 мулкӣ ба шаҳодат расида, нерӯҳои муқовимат талафоти ҷонӣ надоранд.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳа, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин кушташудагон ба нерӯҳои муқовимат ҳеҷ рабте надоштанд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
"Онҳо муаллим, ронанда, деҳқон, донишҷӯ, меъмор, дар умум як мардуми одӣ буданд, ки аз сӯи толибон дар кӯча ва ё сари замини деҳқонӣ аз сӯи толибон тирборон шуда, ҳатто як нафарро бо табар пора-пора кардаанд. Мо ин ҳама ҷиноятҳои башариро мустанад карда, ба созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳод мекунем”, - гуфт вай.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои толибон, ки ба дараи Панҷшер омада буданд, сари чанд қароргоҳи дигар Ҷабҳаи муқовимат ҳамла бурданд. Яке ҳам дараи Шутул буд, ки дар ин ҷанг ду сарбози муқовимат ба номҳои Маҳфузхон ва Рақибхон, бародари фармондеҳ Вазири Шутул, ба шаҳодат расиданд.
Аммо дар пайи ҳамлаи онҳо ба қароргоҳи Чамол Вардаи вулусволии Руха муовини фармондеҳи сипоҳи “Бадр” – и толибон дар Қандаҳор ба номи Мулло Ғаффор кушта шуд. Ҷабҳаи муқовимат низ кушта шудани се узвашро таъйид кард.

Ресмони Додиаллоҳ

Аз Андаробҳо низ қиссаҳои ваҳшатноке ривоят мешавад. Рӯзи 9 май нерӯҳои тозанафаси Толибон баробари вуруд ба дараи Қосон 5 ҷавон, ҳар як Ҳоҷӣ Зокир, Муҳаммад Ҷовид, Нуруллоҳ ва Абдулҳошимро тирборон карданд.
Манобеъ аз як фармондеҳ ба номи Ланги Додиаллоҳ аз рустои Хучи вулусволии Бану қисса мекунанд, ки дар ақиби мошинаш як ресмон дорад ва ҳар ҷо, ки рафт, мардумро аз пояшон меовезад, то ба силоҳ доштани худ иқрор кунанд. Нерӯҳои Толибон дар баробари Панҷшер ҳамзамон ба минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон низ юриш бурда буданд.
Ҳасани Андаробӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Андароб ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Толибон ҳудуди 5 ҳазор нерӯи изофӣ ба вулусволиҳои Андаробҳо – Деҳсалоҳ, Бану ва Пули Ҳисор ворид карданд, то нерӯҳои муқовиматро шикаст диҳанд.
"Онҳо ба дараҳои Қосони Деҳсалоҳ, Аномаки Пули Ҳисор ва Кишнободи Бану юриш бурда, дар аксар ҳолат шикаст хӯрданд ва ақиб нишастанд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гуфт, ду фармондеҳи худро дар минтақаи Сердараи Кишанбоди вулусволии Бану аз даст додаанд.
“Асадуллоҳ Андаробӣ ва Шермуҳаммад Андаробӣ, ду фармондеҳи Ҷабҳа дар як ҷанги нобаробар бо нерӯҳои Толибон бо иттифоқи 6 сарбози дигар ба шаҳодат расиданд. Дар ҷараёни даргирӣ 17 толиб кушта ва теъдоди номаълуме ҳам захмӣ шудааст”, - гуфт ӯ.
Бино ба иттилои ӯ, дар ҷангҳои Андароб дар умум 8 муқовиматгар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шудаанд, аммо теъдоди куштаву захмиҳои толиб бамаротиб бештар будааст.

Таслим шуданд

Варсаҷ, вулусволии вилояти Тахор дар шафати Панҷшеру Андаробҳо, хостгоҳҳои асосии муқовимати зиддитолибонӣ ҷойгир аст. Аввалин даргириҳои миёни Ҷабҳаи муқовимат ва толибҳо дар Варсаҷ дар оғози моҳи май ба вуқӯъ пайваст, вақте як қатор минтақаҳои вулусволӣ ба тасарруфи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтод.
Як фармондеҳи Ҷабҳа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, далели суқути ин вулусволиҳо ин буд, ки як фармондеҳи толибони маҳаллӣ ба номи Дороббой роҳашро аз толибон ҷудо карда, ба Ҷабҳа пайваст, аммо дигарӣ, ба номи Талҳаро Толибон боздошт карданд.
“Афроди ин ду, ки манотиқи Айут, Ҳавзи Виғнон ва Паҷакро таҳти назорат доштанд, толибони бегонаро ронданд ва худ ба муқовимат пайвастанд”, - гуфт ӯ. Толибон аввал аз Тахор, баъдтар аз Кобул низ ба Варсаҷ нерӯи ҳам заминӣ ва ҳам ҳавоӣ эъзом карданд ва аввалин корашон тирборони 4 фарди мулкӣ буд.
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Дар рустои Айманд онҳо вулусволи собиқи Варсаҷ Муҳаммадазим, мӯйсафеди 65 – соларо боздошт карда, аввал яктирӣ ба дасту пову камар ӯ зада, дар маҳзари ом ба “ренҷер” бор карда, дар пешониаш таблак навохтанд. Сипас ба идораи пулис бурда, ҳудуди як соат таҳқиру азият карданд ва дар ниҳоят як тир ба пешониаш зада, дар канори роҳ андохтанд.
Ба ҳамин минвол, ҷангҳо дар кӯҳистоноти Ҳиндукуш ҳамоно идома доранд. Бино ба иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар ин ҷангҳо дар умум 47 тан кушта шудаанд, ки 8 нафарашон муқовиматгар буданд. Ҷабҳа теъдоди толибони кушташударо беш аз 150 нафар арзёбӣ мекунад.
Раёсати тандурустии вазорати дифоъи толибҳо дар ҷаласаи рӯзи 13 майи ситоди кулли вазорат расман эълон кардааст, ки дар ҷангҳои ахир дар Ҳиндукуш аз ҷумлаи нерӯҳояш 84 кушта ва 109 нафар захмӣ шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ин омор шомил талафоти неруҳои вазорати дохила ва толибони маҳаллӣ нест. Ҳам Ҷабҳаи муқовимат ва ҳам Толибон эълон кардаанд, ки на ҳама мурдаҳои худро дар кӯҳистоноти Ҳиндукуш тавонистаанд пайдо кунанд. Ин ҷангу фоҷиа ҳанӯз идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0