Ҷабҳаи муқовимат: Толибон талофии шикасташонро дар Панҷшер аз ғайринизомиён мегиранд

© AP / Felipe DanaБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон навиштааст, ки толибон дар талофӣ ба ҳамлаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ даҳҳо ғайринизомиро дар Панҷшер дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри хабарномае дар бораи боздошти ғайринизомиён аз сӯйи ҷангҷӯёни толибон гуфтааст.
“Толибони дастикам 50 сокини вилояти Панҷшерро ба иттиҳоми иртибот бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боздошт кардаанд. Ин афрод мусаллаҳ набуда, бошандагони мулкии Панҷшеранд, ки аз баҳри афзоиши даргириҳо дар манотиқашон аз хонаҳои худ берун шуда ва ба нуқоти нисбатан асмн паноҳ бурда буданд”, - таъкид кард Ҷабҳаи муқовиимати миллии Афғонистон.
Ҷабҳаи муқовимат хабар додааст, ки пас аз Иди Фитр ва ташдиди даргириҳо дар Тахор, Бағлон ва Панҷшер алайҳи нерӯҳои толибон аъзои ин гурӯҳ ғайринизомиёнро боздошту таъқиб карда, озор медиҳанду мекушанд.
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2022
Толибон барои тозасозии сафҳои артиши Афғонистон комиссия махсус таъсис доданд
Дар тозатарин маврид толибони аҷир Аҳмадшоҳ, бародари яке аз низомиёни пешин ба номи Маҳбубро дар рустои Анвои Тагоби Кундузи вулусволии Вурсаҷи вилояти Тахор тирборон карданд.
Толибон дирӯз дар ҳамин деҳа шаш сокини осоиштаро ба қатл расонданд. Миёни ин шаш нафари мақтул Азимулло ва Ҳабибуллоҳи деҳқон, ҳамчунин Ҳофизуллоҳи омӯзгор буд. Ҳувияти кулли кушташудагон то ҳол маълум нест.
Илова бар ин ҷангҷӯёни толиб шаби гузашта дар деҳаи Қасани Андроб ба таври ваҳшиёна ба кофтукови хона ба хонаҳо шуруъ карданд. Ин гурӯҳ ҳамчунин вориди хонаҳои мардум дар навоҳии Деҳ Мирон ва Қалъаи Оланги вулусволии Андараби вилояти Бағлон шуда ва сокинонро аз хонаҳояшон берун кардаанд.
Сипас чаҳор нафар аз ғайринизомиёнро бераҳмона тирборон карда, ҳамчунин бархеҳоро гаравгон гирифтанд.
База Баграм в Афганистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
Толибон: Амрико омили фақру нооромиҳо дар Афғонистон аст
Дар поён Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон навиштааст, ки бархӯрди бераҳмонаи мардуми осоишта бо толибон дар посух ба ҳамлаҳои ҷангҷӯёни шуҷои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ сурат гирифтааст.
Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, боздошти дастикам 50 ғайринизомӣ дар Панҷшер дида мешуд, ки онҳо ғайринизомиён ва сокинони маҳаллӣ ҳастанд.
Толибон бо нерӯҳои муқовимати миллӣ муқовимат карда наметавонанд ва дар посух ба шикастҳои пай дар пай дар манотиқи мухталифи кишвар интиқом аз мардуми бегуноҳ, мардону занон ва ҳатто кӯдакони бегуноҳ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0