https://sputnik.tj/20220514/hushdori-abdulloh-abdulloh-jangi-dokhili-afghoniston-1048452422.html
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран Раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон мақомоти феълиро аз ноамнӣ, шӯриш ва хатари вуқуъи ҷанги дохилӣ дар шимоли Афғонистон ҳушдор дод
2022-05-14T17:35+0500
2022-05-14T17:35+0500
2022-05-14T17:59+0500
афғонистон
абдуллоҳ абдуллоҳ
толибон
ҷанг
ҷилавгирӣ аз ноамниҳо
амният ва мудофиа
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_60af3ba861bda3563e2d286704c9685f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ахиран дар хусӯси ноамнӣ ва шӯришҳои фазоянда дар бархе вилоёти шимолӣ, аз ҷумла Панҷшер, Бағалону Тахор ва дар бораи вуқуъи ҷанги дохилӣ ҳушдор додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Ово.Тибқи иттилои манбаъ, Абдуллоҳ ки ба тозагӣ Афғонистонро тарк карда ва дар Ҳинд ба сар мебарад, ахиран дар сафҳаи Фейсбуки худ Толибонро ҳадафи интиқодоти худ қарор дод ва навишт, амалкарди Толибон, мӯҷиби инзивои бештари Афғонистону афзоиши танишҳои қавмӣ мешавад ва кишварро ба сӯи ҷанги дохилӣ мекашонад.Давлати муваққати Толибон, ахбори мунташир шуда дар бораи бадрафтории неруҳои ин гуруҳ бо ғайринизомиён дар вилоёти шимолиро “бузургнамоӣ” тавсиф кардааст, аммо ин сиёсатмадори афғон, Толибонро ба муҳокимаи саҳроӣ, куштору шиканҷаи ғайринизомиён ба номи дин, нақзи қавонин башарӣ ва соири қавонини байналмилалӣ муттаҳам карду афзуд, сиёсати инҳисорталабӣ дар қудрат ва ҳазфи мухолифон, мушкилоти мардуму кишварро афзоиш ва Афғонистонро ба сӯи буҳрон суқ додааст.Бархе созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои афғон низ қаблан дар бораи хатари бурузи ҷанги дохилӣ ва ошӯб дар Афғонистон ҳушдор додаанд.Толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.
https://sputnik.tj/20220513/lavrov-vaz-panjsher-sukhan-1048418965.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/16/1032503483_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_54cd2c6bad91e0de9ed2cbdb92486408.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳушдор, абдуллоҳ абдуллоҳ, ҷанги дохилӣ, ноамнӣ, толибон
афғонистон, ҳушдор, абдуллоҳ абдуллоҳ, ҷанги дохилӣ, ноамнӣ, толибон
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
17:35 14.05.2022 (Навсозишуда: 17:59 14.05.2022) Ахиран Раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон мақомоти феълиро аз ноамнӣ, шӯриш ва хатари вуқуъи ҷанги дохилӣ дар шимоли Афғонистон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ахиран дар хусӯси ноамнӣ ва шӯришҳои фазоянда дар бархе вилоёти шимолӣ, аз ҷумла Панҷшер, Бағалону Тахор ва дар бораи вуқуъи ҷанги дохилӣ ҳушдор додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Ово.
Тибқи иттилои манбаъ, Абдуллоҳ ки ба тозагӣ Афғонистонро тарк карда ва дар Ҳинд ба сар мебарад, ахиран дар сафҳаи Фейсбуки худ Толибонро ҳадафи интиқодоти худ қарор дод ва навишт, амалкарди Толибон, мӯҷиби инзивои бештари Афғонистону афзоиши танишҳои қавмӣ мешавад ва кишварро ба сӯи ҷанги дохилӣ мекашонад.
Давлати муваққати Толибон, ахбори мунташир шуда дар бораи бадрафтории неруҳои ин гуруҳ бо ғайринизомиён дар вилоёти шимолиро “бузургнамоӣ” тавсиф кардааст, аммо ин сиёсатмадори афғон, Толибонро ба муҳокимаи саҳроӣ, куштору шиканҷаи ғайринизомиён ба номи дин, нақзи қавонин башарӣ ва соири қавонини байналмилалӣ муттаҳам карду афзуд, сиёсати инҳисорталабӣ дар қудрат ва ҳазфи мухолифон, мушкилоти мардуму кишварро афзоиш ва Афғонистонро ба сӯи буҳрон суқ додааст.
Бархе созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои афғон низ қаблан дар бораи хатари бурузи ҷанги дохилӣ ва ошӯб дар Афғонистон ҳушдор додаанд.
Толибон пас аз ба сари қудрат расидан дар Афғонистон дар ними августи соли 2021, назорати саросари кишварро дар даст гирифт. Вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон, охирин вилояте буд, ки ба кантроли Толибон даромад.
Мухолифони Толибон дар вилояти Панҷшер мавсӯм ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” ба тозагӣ, бо шиддати бештаре нерӯҳои ин гурӯҳро ба дастгирии ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.
Ба гуфтаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, пас аз иди Фитр ва ташдиди набардҳо алайҳи Толибон дар вилоёти Тахор, Бағалону Панҷшер, нерӯҳои ин гурӯҳ ба таври густардае боздошт, озору куштори ғайринизомиёнро дар дастури кори худ қарор додаанд.