https://sputnik.tj/20220512/uft-qurb-dollar-evro--1048397445.html
Уфти рекордии қурби доллар ва евро
Уфти рекордии қурби доллар ва евро
Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъорҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар биржаи Маскав башиддат поин рафтанд: яке аз онҳо нишондоди рекорди соли 2020 нав кард
2022-05-12T17:10+0500
2022-05-12T17:10+0500
2022-05-12T19:45+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4da0db072d2b5dc499f671647521396e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қурби евро барои аввалин бор сар аз моҳи феврали соли 2020 то ба 69 рубл поин рафт. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додаҳои биржаи Маскав хабар дод.Ҳамин тариқ, қурби евро 2,14% коҳиш ёфта, то 68,99 рубл поин рафт. Пас аз ин асъор коҳишро суръат бахшида, дар сатҳи 68,7 (-2,55%) қарор гирифт. Дар навбати худ як доллар то 65,7 рубл (-2,23%) поин рафт. Дар маҷмуъ, пули русӣ дар оғози муомилот нисбат ба доллар ва евро қавитар шудааст.Дар ҳаимн ҳол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, рубл дар байни ҳамаи асъорҳои ҷаҳон пӯёии беҳтаринро нишон медиҳад.Устувории рубл дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба арзиши ин асъор таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо рубл маош мегиранду барои таъминоти хонавода ба Ватан рубл мефиристанд.Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишварро феълан 166 сомонӣ муқаррар кардааст, аммо дар бонкҳои тиҷории кишвар арзиши он каме фарқ мекунад. Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.1847 сомонӣ ва бар ивази 100 доллар 12,4950 сомонӣ медиҳанд.Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 168 сомонӣ нарх муқаррар шудааст. Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 167 ва дар фурӯш 171 сомонӣ аст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 162 ва дар фурӯш 167 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 155 сомонӣ мехараду ба ивази 170 сомонӣ мефурӯшад.Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220425/tahkim-savdo-rubl-kishvar-idm-1047926891.html
https://sputnik.tj/20220415/matvienko-chin-dollarzudoi-iqtisod-barrasi-1047675700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_acf48a022d6a3005c6596a637ff8829f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт қурб доллар евро
Уфти рекордии қурби доллар ва евро
17:10 12.05.2022 (Навсозишуда: 19:45 12.05.2022) Қурби пулҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар биржаи Маскав башиддат поин рафт: яке аз онҳо нишондоди рекордии соли 2020-ро нав кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қурби евро барои аввалин бор сар аз моҳи феврали соли 2020 то ба 69 рубл поин рафт.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додаҳои биржаи Маскав хабар дод.
Ҳамин тариқ, қурби евро 2,14% коҳиш ёфта, то 68,99 рубл поин рафт. Пас аз ин асъор коҳишро суръат бахшида, дар сатҳи 68,7 (-2,55%) қарор гирифт.
Дар навбати худ як доллар то 65,7 рубл (-2,23%) поин рафт. Дар маҷмуъ, пули русӣ дар оғози муомилот нисбат ба доллар ва евро қавитар шудааст.
Дар ҳаимн ҳол Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, рубл дар байни ҳамаи асъорҳои ҷаҳон пӯёии беҳтаринро нишон медиҳад.
Устувории рубл дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба арзиши ин асъор таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо рубл маош мегиранду барои таъминоти хонавода ба Ватан рубл мефиристанд.
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи кишварро феълан 166 сомонӣ муқаррар кардааст, аммо дар бонкҳои тиҷории кишвар арзиши он каме фарқ мекунад.
Тибқи нишондоди БМТ, ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 13.1847 сомонӣ ва бар ивази 100 доллар 12,4950 сомонӣ медиҳанд.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 168 сомонӣ нарх муқаррар шудааст. Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 167 ва дар фурӯш 171 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 162 ва дар фурӯш 167 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 155 сомонӣ мехараду ба ивази 170 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.