Таҳкими савдо бо рубл миёни кишварҳои ИДМ

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонета номиналом один рубль.
Монета номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия аз гузариш ба ҳисобаробаркуниҳо бо пули миллӣ бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ҳисоббаробаркуниҳо бо Арманистону Озарбойҷон бо истифода аз пулҳои миллӣ сурат мегиранд, хабар додаст РИА "Новости" аз қавли ВУХ Русия.
Денис Гончар, мудири Департаменти чоруми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки аллакай 30%-и тамоми муомилоти мол байни Маскав ва Боку бо рубл сурат мегирад.
"Равобити иқтисодии Русия ва Озарбойҷон дар маҷмуъ тавре меъморӣ шудааст, ки аз омилҳои манфии беруна чандон осебпазир нест ва зуд ба вазъиятҳои ғайристандартӣ мутобиқ мешавад", - таъкид намуд Гончар.
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2022
Тоҷикистон нақша дорад, пули барқи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"- ро бо рубл пардохт кунад
Ӯ афзуд, ки бо Арманистон низ гузинаҳои нави ҳамкорӣ бо истифода аз пулҳои миллӣ дар ҳоли татбиқанд. Вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян гуфт, кишвараш аллакай гази Русияро бо рубл мехарад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Русия даҳсолаҳо дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷои доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0