Миралӣ Наимов: Дар 372 хоҷагии моҳипарварӣ ҳадди ақал 410 мутахассис намерасад

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкРыбак складывает улов, архивное фото
Рыбак складывает улов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” мегӯяд, ҳарчанд истеҳсоли моҳи дар солҳои ахир дар кишвар зиёд шуда бошад ҳам, аммо барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нест
ДУШАНБЕ, 9 мая — Sputnik. Миралӣ Наимов, сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ додааст, ки ҳоло дар кишвар 372 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва истеҳсоли моҳӣ машғул аст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли моҳӣ аз 2749,7 тоннаи соли 2019, соли сипаришуда ба беш аз 4389 тонна расидааст.
“Дар се моҳи аввали соли равон қариб 600 тонна моҳӣ истеҳсол шуд. Ҳарчанд нишондиҳандаҳо дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар бошанд ҳам, вале барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нестанд”, - қайд кард оқои Наимов.
Ҳамзамон вай илова кард, ки албатта, барои татбиқи рушди бахши истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ корҳои мушаххас ва назаррас анҷом ёфтаанд, вале инро наметавон сад дарсад қаноатбахш арзёбӣ кард.
Трактор Беларус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон
“Муносибат ба рушди соҳа бояд аз назари таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти баландсифати моҳӣ бошад ва ченаки фаъолияти мутахассисони соҳа низ ба талаботи рӯз мутобиқат намояд. Яъне мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо зиёд буда, ба татбиқи барнома ва рушди соҳа монеъ мегарданд”, – гуфт Миралӣ Наимов.
Ҳамзамон сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” аз норасоии мутахассисон касбӣ шикоят кард.
Вай гуфт, ҳар сол факултаи зооинженерӣ, ихтисоси моҳипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро 15-25 донишҷӯ хатм кунад ҳам, аз рӯи ихтисоси худ кор намекунанд.
“Дар 372 хоҷагии моҳипарварӣ ҳадди ақал 410 мутахассиси моҳишинос–ихтиолог намерасад”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0