https://sputnik.tj/20220406/eron-zamin-khashkhosh-kishtzori-kishovarzi-afghoniston-1047397937.html
Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон
Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Эрон дар Афғонистон эълон кардааст, омодааст ба Кобул дар ҷиҳати табдили мазореи хашхоши он ба заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ кумак кунад
2022-04-06T14:42+0500
2022-04-06T14:42+0500
2022-04-06T17:35+0500
афғонистон
эрон
кишоварзӣ
маводи мухаддир
толибон
замин
кишт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102402/18/1024021842_0:67:1281:787_1920x0_80_0_0_68e90461defe667d61f024cebaae6e4a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Афғонистон зимни истиқбол аз тасмими давлати толибон дар хусуси мамнуияти кишту харидуфурӯши маводи мухаддир омодагии Эронро барои ҳамкорӣ ҷиҳати тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузин дар Афғонистон эълом кард.Сайидрасули Мусавӣ, дастёри вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки иҷро шудани мамнуияти кишти кӯкнор дар Афғонистон осори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии амиқе дар ин кишвар ва иқтисоди сиёҳи ҷаҳон хоҳад дошт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мулло Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари толибон бо як фармони худ кишти тамоми анвои маҳсулотеро, ки аз он барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешавад, мамнуъ эълом кард.Тибқи ин фармон, истеъмолу интиқол, харидуфурӯш, воридоту содирот ва коргоҳҳои тавлиди ҳар гуна маводи мухаддир дар саросари Афғонистон мамнуъ аст.Бояд гуфт, фармони мазкур дар ҳоле содир мешавад, ки дар муддати 20 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон тавлиду кишти маводи мухаддир дар ин кишвар ба сурати бесобиқае афзоиш ёфтаву Афғонистон ба унвони бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир 90 дарсади тарёки ҷаҳонро таъмин мекунад.
https://sputnik.tj/20220404/shirkati-havoii-afghoniston-parvozho-rusiya-1047350396.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102402/18/1024021842_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_6d20e21f4921405fe54b032c9c465e53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, кишт, хашхош, кишоварзӣ, замин, толибон
афғонистон, эрон, кишт, хашхош, кишоварзӣ, замин, толибон
Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон
14:42 06.04.2022 (Навсозишуда: 17:35 06.04.2022) Сафорати Эрон дар Афғонистон эълон кардааст, омодааст, ба Кобул дар ҷиҳати табдили мазореи хашхоши он ба заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ кумак кунад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Афғонистон зимни истиқбол аз тасмими давлати толибон дар хусуси мамнуияти кишту харидуфурӯши маводи мухаддир омодагии Эронро барои ҳамкорӣ ҷиҳати тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузин дар Афғонистон эълом кард.
Сайидрасули Мусавӣ, дастёри вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки иҷро шудани мамнуияти кишти кӯкнор дар Афғонистон осори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии амиқе дар ин кишвар ва иқтисоди сиёҳи ҷаҳон хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мулло Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари толибон бо як фармони худ кишти тамоми анвои маҳсулотеро, ки аз он барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешавад, мамнуъ эълом кард.
Тибқи ин фармон, истеъмолу интиқол, харидуфурӯш, воридоту содирот ва коргоҳҳои тавлиди ҳар гуна маводи мухаддир дар саросари Афғонистон мамнуъ аст.
Бояд гуфт, фармони мазкур дар ҳоле содир мешавад, ки дар муддати 20 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон тавлиду кишти маводи мухаддир дар ин кишвар ба сурати бесобиқае афзоиш ёфтаву Афғонистон ба унвони бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир 90 дарсади тарёки ҷаҳонро таъмин мекунад.