Масан: Тоҷикону русҳо корнамоиҳои сарбозонро дар ҶБВ ҳамеша зинда нигоҳ медоранд

© Русский дом в Худжанде Роман Масан, роҳбари “Русский дом”
Роман Масан, роҳбари “Русский дом”  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Роҳбари созмони “Русский дом” ахиран гуфт, тоҷикону русҳо ҳамеша канори ҳамдигар буданд ва корнамоиҳои сарбозонро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда нигоҳ медоранд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба гуфтаи Роман Масан, роҳбари созмони “Русский дом” ё “Хонаи рус” дар Хуҷанд, имрӯзҳо замоне фаро расидааст, ки кишварҳои Ғарб мехоҳанд Рӯзи ғалабаро аз мо бидузданд.

“Ғарб мехоҳад, мо ин ҷашни бузургро фаромӯш кунем”, - таъкид кардааст Роман Масан зимни суханрониаш дар маросими таҷлили Иди Ғалаба, ки ахиран дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Вай афзуд, суханони овозхони машҳури кишвар Владимир Висотский ба хотирам меояд, ки мегуфт: “Мурдаҳои мо моро аз бало ҳифз мекунанд ва ҷонбохтагони мо мисли посбононанд”. Ба назарам, ин посбонон то ҳол дар марзи мо истода, моро аз ҳама гуна бадхоҳон ҳифз мекунанд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Даъвати Матвиенко аз кишварҳои ИДМ: Қаҳрамонии гузаштагонамонро фаромӯш накунед
Оқои Масан иддао дорад, ки мардумони тоҷику рус ҳамеша канори якдигар буданд ва корнамоии сарбозони Иттиҳоди Шӯравиро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда нигоҳ медоранд.
Вай илова кард, ки ин хотираҳоро аз мо касе гирифта наметавонад ва касе ҳам нахоҳад гирифт.
Вай таъкид кард, ки ҳар куҳнасарбози ҶБВ то охири умр қадрдонӣ мешавад.
“Мо имрӯз ғалабаи бузургро ҷашн мегирем, онҳоеро ёд мекунем, ки мутаассифона, ба ин рӯз нарасидаанд, вале барои мо фидои ҷони худ осмони осоишта гузоштанд. Мо дар баробари ин нафаронеро, ки зинда мондаанд ва корнамоиҳои онҳо барои мо ғалабаи бузург оварданд, қадрдонӣ хоҳем кард”,- гуфт Роман Масан, роҳбари созмони “Русский дом”.
Празднование 77-летия Победы в Великой Отечественной войне в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Хӯроки саҳроӣ ва намоиши мошинҳои нодир дар Хуҷанд - акс
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0