Даъвати Матвиенко аз кишварҳои ИДМ: Қаҳрамонии гузаштагонамонро фаромӯш накунед

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ахирна гуфтааст, ки кишварҳои ИДМ бояд ҳамеша қаҳрамонии гузаштагонамонро дар ҷанг дар ёд дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия Русия аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки таърихи қаҳрамонӣ ва далериву шуҷоати бесобиқаи гузаштагони худро дар Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамеша дар хотир нигоҳ доранд
"Хотираи Ҷанги бузурги ватанӣ дар қалби мо зинда аст, аз насл ба насл мегузарад. Он дар корнамоиҳои хурду калон ва корҳои нек инъикос ёфта, ба мо кумак мекунад, бахусус имрӯзҳо, ки мо бори дигар ба ҳимояи Ватан бархостем, то сарнавишти кишварҳоямонро худамон муайян намоем”, - гуфта мешавад дар табрикоти раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба муносибати Рӯзи Ғалаба.
Дар ҳамин ҳол хонум Матвиенко гуфт: "Мо аз мардуми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват менамоем, ки саҳифаҳои қаҳрамонии таърихи худро нигоҳ доранду ҳифз намоянд ва ҳамеша аз қаҳрамонии гузаштагони худ ёд дошта бошанд".
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Белоруссии А. Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2022
Лукашенко дар бораи хатари ҳамлаи эҳтимолии Лаҳистон ба Беларус гуфт
Ба гуфтаи вай, вазифаи умумии мо боздории эҳёи ғояҳои даҳшатнок ва ғайриинсонӣ, нишон додани ҳамбастагӣ ва муқовимат бо чолишҳои нави ҷаҳонӣ мебошад.
Раиси Шӯрои Федератсия таъкид кард, ки Рӯзи ғалаба барои ҳар як сокини Русия ва Беларус рӯзи шодиву ғам аст.
“Мардумони кишварҳои мо барои Ғалаба бар фашизм талафоти хеле калон доданд: миллионхо нафар сарбоз ва аҳолии осоишта, шаҳрҳои харобшуда, гуруснагӣ, заминҳои харобшуда”, — навиштааст Матвиенок дар шабакаи телеграмии худ.
Матвиенко ҳамчунин ба вакилони парлумони кишварҳои ИДМ, Сербистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ба муносибати Рӯзи ғалаба паёми табрикӣ ирсол кардааст.
Лентаи хабарҳо
0