https://sputnik.tj/20220509/khuroki-sahro-namoishi-moshinhoi-nodir-khujand-1048315815.html
Хӯроки саҳроӣ ва намоиши мошинҳои нодир дар Хуҷанд - акс
Хӯроки саҳроӣ ва намоиши мошинҳои нодир дар Хуҷанд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази шаҳри Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир ва хуроки саҳроӣ барои меҳмонону сокинон баргузор шуд
2022-05-09T15:55+0500
2022-05-09T15:55+0500
2022-05-11T18:52+0500
дар тоҷикистон
рӯзи ғалаба
хуҷанд
намоиш
мошинҳо
хӯрок
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048312126_0:40:1001:603_1920x0_80_0_0_ce95db1d8090f92f541f0b851a19e6a5.jpg
Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омада, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.Ҳамзамон барои тамошобинон ва нафароне, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, дар боғи Камоли Хуҷандӣ хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд.Ин хӯрок монанди ғизои афсароне буд, ки дар солҳои ҶБВ дар майдонҳои ҷанг мехӯрданд. Ин хуроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.Ин чорабинӣ бо ибтикори консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд ва мақомоти Суғд баргузор шудааст.Ёдрас менамоем, ки ахиран дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндагони консулии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.Бо гузашти низомии аскарону афсарон ва гузоштани гулчанбарҳо аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳо ба пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ анҷом ёфт.Дар Душанбе "Ҳанги ҷовидон" бо ҳузури садҳо нафар баргузор шудМаврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.Тибқи маълумоти расмӣ, дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.Иштироки Раҳмон дар режаи низомӣ бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба - аксАз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.Бояд қайд намуд, ки то имрўз дар вилояти Суғд ҳамагӣ 18 нафар аз иштирокчиёни ҶБВ боқӣ монда, дар 77-солагии таҷлили Рӯзи ғалаба 3 нафари онҳо иштирок намуданд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/09/1048312126_35:0:924:667_1920x0_80_0_0_d237ca03d85243fb658707dc28f7514e.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, намоиши мошинҳо, рӯзи ғалаба, хуроки саҳроӣ, меҳмонон, сокинон
тоҷикистон, хуҷанд, намоиши мошинҳо, рӯзи ғалаба, хуроки саҳроӣ, меҳмонон, сокинон
Хӯроки саҳроӣ ва намоиши мошинҳои нодир дар Хуҷанд - акс 15:55 09.05.2022 (Навсозишуда: 18:52 11.05.2022 )
Дар маркази шаҳри Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир ва хӯроки саҳроӣ барои меҳмонону сокинон баргузор шуд
Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омада, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.
Ҳамзамон барои тамошобинон ва нафароне, ки дар ин ҳамоиш иштирок доштанд, дар боғи Камоли Хуҷандӣ хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд.
Ин хӯрок монанди ғизои афсароне буд, ки дар солҳои ҶБВ дар майдонҳои ҷанг мехӯрданд. Ин хуроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд ва мақомоти Суғд баргузор шудааст.
© Sputnik Дар Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир баргузор шуд.
Дар Хуҷанд бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба намоиши мошинҳои нодир баргузор шуд.
© Sputnik Барои маҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд даҳҳо мошини нодир ба намоиш гузошта шуд.
Барои маҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд даҳҳо мошини нодир ба намоиш гузошта шуд.
© Sputnik Дар ин намоиш мошинҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба номоиш гузошта шуданд.
Дар ин намоиш мошинҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба номоиш гузошта шуданд.
© Sputnik Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд барои тамошои мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ омада буданд.
Ҳазорҳо сокини хурду бузург ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд барои тамошои мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ омада буданд.
© Sputnik Ҳазорҳо сокини хурду бузруг ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омаданд, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.
Ҳазорҳо сокини хурду бузруг ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба боғи Камоли Хуҷандии шаҳр омаданд, то мошинҳои нодири замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶБВ-ро тамошо намоянд.
© Sputnik Мошини "Победа" дар намоиши мошинҳои нодир
Мошини "Победа" дар намоиши мошинҳои нодир
© Sputnik Хушҳолии кӯдакон аз намоиши мошинҳои нодир
Хушҳолии кӯдакон аз намоиши мошинҳои нодир
© Sputnik Навохтани сурудҳои замони ҷанг ҳам барои сокинон ташкил карда шуд
Навохтани сурудҳои замони ҷанг ҳам барои сокинон ташкил карда шуд
Кӯдакон низ барои тамошобинон чанд суруди замони ҶБВ-ро овозхонӣ карданд
Кӯдакон низ барои тамошобинон чанд суруди замони ҶБВ-ро овозхонӣ карданд
© Sputnik Дар ин маросим ҳазорҳо сокину меҳмони шаҳр ҳузур доштанд
Дар ин маросим ҳазорҳо сокину меҳмони шаҳр ҳузур доштанд
© Sputnik Ҳамзамон дар ин маросим куҳнасарбозон низ иштирок доштанд
Ҳамзамон дар ин маросим куҳнасарбозон низ иштирок доштанд
Сурудҳои замони ҶБВ дар иҷрои кӯдакон
Сурудҳои замони ҶБВ дар иҷрои кӯдакон
© Sputnik Маросими намоиши мошинҳои нодир бо шукуҳу шаҳомат анҷом ёфт
Маросими намоиши мошинҳои нодир бо шукуҳу шаҳомат анҷом ёфт
© Sputnik Ҳамзамон дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои тамошобинон хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд
Ҳамзамон дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои тамошобинон хӯроки саҳроӣ ташкил карда шуд
© Sputnik Ин хӯроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.
Ин хӯроки саҳроӣ писанди тамоми тамошобинон шуд.
Ёдрас менамоем, ки ахиран дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили 77-умин солгарди Рӯзи ғалаба чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, намояндагони консулии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Бо гузашти низомии аскарону афсарон ва гузоштани гулчанбарҳо аз ҷониби идораву ташкилот ва муассисаҳо ба пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон то кунун 57 сарбози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар Ҷанги бузурги ватанӣ (1941 – 1945) ҳудуди 300 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд. Беш аз 56 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон бо нишону медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудаанд. Ба 55 тан аз онҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки то имрўз дар вилояти Суғд ҳамагӣ 18 нафар аз иштирокчиёни ҶБВ боқӣ монда, дар 77-солагии таҷлили Рӯзи ғалаба 3 нафари онҳо иштирок намуданд.