https://sputnik.tj/20220508/tojikiston-holati-omodabosh-kdam-tolib-1048294018.html
Тоҷикистон нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош гузаронд: изҳороти КДАМ ва шарҳи толибҳо
Тоҷикистон нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош гузаронд: изҳороти КДАМ ва шарҳи толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман қазияи партоби мушакҳо аз сӯи Афғонистонро шарҳ дода, посухи расмии толибҳоро овардааст
2022-05-08T14:41+0500
2022-05-08T14:41+0500
2022-05-08T15:06+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
кдам
толиб
мушак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/26/1028212620_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_1de73c6f9d4262c0cc7db9f409d30dad.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикистон нерӯҳои марзбонияшро ба ҳолати омодабоши пурраи ҷангӣ гузаронда, шарҳи ҷониби толибҳоро дар бораи тирпаронии ахир сӯи ҶТ ироа кардаст. Мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қавли нерӯҳои толибҳо овардаст, ки тирҳо ба хоки ҷумҳурӣ аз сӯи Афғонистон тасодуфан расидаанд. Ба иттилои манбаъ, толибҳо тавзеҳ додаанд, ки дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии "Панҷ", 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 қувваҳои гуруҳ бо ҷангиёни ДИИШ* вориди задухӯрд шудаанд. Таъкид шудааст, ки ин задухӯрд 1,5 соат идома дошта, тирҳо ба қаламрави Тоҷикистон тасодуфан расидаанд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст."Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи толибҳо дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ. Таъкид гардидаст, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд, афзуд КДАМ.КДАМ вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро муътадил арзёбӣ карда, афзудаст, ки вазъ таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20220508/malum-hamla-mushaki-khok-tojikiston-1048292805.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/26/1028212620_220:0:2887:2000_1920x0_80_0_0_104398bf4794f4a2b8da5193590f5c18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кдам, марз, мушакпартоӣ, тоҷикистон
кдам, марз, мушакпартоӣ, тоҷикистон
Тоҷикистон нерӯҳояшро ба ҳолати омодабош гузаронд: изҳороти КДАМ ва шарҳи толибҳо
14:41 08.05.2022 (Навсозишуда: 15:06 08.05.2022) Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расидани тирҳо аз сӯи Афғонистон ба хоки кишварро шарҳ дода, тавоноии нерӯҳо барои ҳифзи марзро таъкид кардаст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Тоҷикистон нерӯҳои марзбонияшро ба ҳолати омодабоши пурраи ҷангӣ гузаронда, шарҳи ҷониби толибҳоро дар бораи тирпаронии ахир сӯи ҶТ ироа кардаст.
Мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қавли нерӯҳои толибҳо овардаст, ки тирҳо ба хоки ҷумҳурӣ аз сӯи Афғонистон тасодуфан расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, толибҳо тавзеҳ додаанд, ки дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии "Панҷ", 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 қувваҳои гуруҳ бо ҷангиёни ДИИШ* вориди задухӯрд шудаанд.
Таъкид шудааст, ки ин задухӯрд 1,5 соат идома дошта, тирҳо ба қаламрави Тоҷикистон тасодуфан расидаанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи толибҳо дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд", - омадааст дар иттилоияи КДАМ.
Таъкид гардидаст, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд, афзуд КДАМ.
КДАМ вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро муътадил арзёбӣ карда, афзудаст, ки вазъ таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар