https://sputnik.tj/20220508/malum-hamla-mushaki-khok-tojikiston-1048292805.html
Маълум шуд, ки ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон кори дасти кист
Маълум шуд, ки ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон кори дасти кист
Sputnik Тоҷикистон
Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст
2022-05-08T13:36+0500
2022-05-08T13:36+0500
2022-05-08T13:38+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ҳамлаи террористӣ
мушак
афғонистон
марз
доиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/17/1027221762_0:147:2811:1728_1920x0_80_0_0_e45c6c24fa8e01732ef14406dc10f63c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Гуруҳи хуросонии созмони террористии "ДИИШ"* масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаст. Дар ин бора "Site Intelligence Group" хабар додаст, ки изҳороти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад. Дар изҳороте, ки аз қавли "ДИИШ" * дар ин пойгоҳ нашр шудаст, таъкид гардидаст, ки партоби мушакҳо кори дасти аъзои ин гуруҳ мебошад. Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд, аммо изҳор дошт, ки мояи нигаронӣ нест. Як манбаъ дар Раёсати марзбонии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид”, - гуфт ӯ.Манбаъ таъкид кард, ки ин ҳодисаи ҷиддӣ нест ва мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошандҚаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибҳо хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кившарҳои дигар
https://sputnik.tj/20220507/mushakandozi-afghoniston-tojikiston-1048286755.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/17/1027221762_156:0:2655:1874_1920x0_80_0_0_465228a4eb09d504bd046c3a4788a92c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дииш, масъулият, ҳамла, тоҷикистон, марз
дииш, масъулият, ҳамла, тоҷикистон, марз
Маълум шуд, ки ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистон кори дасти кист
13:36 08.05.2022 (Навсозишуда: 13:38 08.05.2022) Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Гуруҳи хуросонии созмони террористии "ДИИШ"* масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаст.
Дар ин бора "Site Intelligence Group" хабар додаст, ки изҳороти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад.
Дар изҳороте, ки аз қавли "ДИИШ" * дар ин пойгоҳ нашр шудаст, таъкид гардидаст, ки партоби мушакҳо кори дасти аъзои ин гуруҳ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд, аммо изҳор дошт, ки мояи нигаронӣ нест.
Як манбаъ дар Раёсати марзбонии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.
“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид”, - гуфт ӯ.
Манбаъ таъкид кард, ки ин ҳодисаи ҷиддӣ нест ва мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд
Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибҳо хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.
Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.
Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кившарҳои дигар