Шайх Салмон дар Душанбе рушди футболро баррасӣ мекунад

© Пресс-центр ФФТПрезидент Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салман бин Ибрагим Аль-Халифа прибыл в Душанбе.
Президент Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салман бин Ибрагим Аль-Халифа прибыл в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Намояндагони аршади Конфедерасияи футболи Осиё рушди футбол ва тарҳҳои хоса дар ин самтро бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари корӣ ба Душанбе омад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро ҳамзамон дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон ҳамроҳӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки президенти КФО бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ намоянд.
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб
Ҳамзамон дар назар аст, ки Шайх Салмон бо президенти Федератсия футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дидору мулоқот дошта бошад.
Илова бар ин 7 май дар меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе" ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви ин ташкилоти бузурги минтақаии футбол мебошад.
Лентаи хабарҳо
0