Ду бошгоҳи футбол дар Тоҷикистон муҷозот шуданд: сабаб

© ФФТ Офисе Федерации футбола Таджикистана
 Офисе Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Обуна шудан
Сабаби ҷаримаи дастаҳои Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон рафтори нодурусти мухлисони бошгоҳҳо гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду дастаи футболи Лигаи олии Чемпионати ҷумҳурӣ ҷарима шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳамин тариқ Кумитаи назорату интизоми ФФТ тасмим гирифт, ки дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истаравшан"-ро ҷарима кунад.
Дар пайи ҷаласаи кумита тасмим гирифта шуд, ки бошгоҳҳои футбол муҷозот шаванд, сабаби ин гуна чораҳо рафтори мухлисони дастаҳо будааст.
Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки ҳаводорони футбол дар бозии "Coca-Cola" – Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ, "Истаравшан" – "Хатлон" (9 апрел) сӯйи довари эҳтиётӣ санг партоб кардаанд.
Барои ин ҳодиса дастаи "Истаравшан"-ро 500 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Шоҳрух Қирғизбоев - дарвозабони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2022
Аз майдони футбол ба бинои комиссариат: ба дарвозабони тими “Хуҷанд” чӣ ҳодиса рух дод?
Ҳодисаи дуюми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар рӯзи 10 апрел ба қайд гирифта шуд. Он замон бозии миёни дастаҳои Лигаи олӣ, “Хуҷанд” – “Равшан” дар Қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 баргузор шуд.
Баъди анҷоми бозӣ мухлисон ба майдон рехта, тартибро вайрон карданд ва мошини ёрии таъҷилӣ низ ба оғози бозӣ дер омад.
Дастаи "Хуҷанд"-ро барои ин кирдори мухлисонаш ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон либосҳои нави варзишӣ гирифтанд.
Либосҳо ба ҳайатҳои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётӣ дода шуданд.
Барои давраҳои омӯзишӣ маҷмии алоҳидаи пушокҳои варзишӣ дода шуд. Дар вақти тартиб додани лоиҳаи либоси ягона мутахассисон рангҳои анъанавии тимҳои Точикистонро ба назар гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0