https://sputnik.tj/20220506/hushdor-khf-boron-khatar-sel-1048230437.html
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронҳои шадиду хатари селбиёӣ
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронҳои шадиду хатари селбиёӣ
Sputnik Тоҷикистон
КФҲ мегӯянд, феълан дар минтақаҳое, ки хатари фаромадани сел дар он ҷо пешгӯӣ мешавад, қизмҳои навбатдорӣ ташкил ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
2022-05-06T10:59+0500
2022-05-06T10:59+0500
2022-05-06T14:24+0500
кҳф
дар тоҷикистон
селфароӣ
огоҳӣ
бориши борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_e4812d2d01faea729562706e8cc392e9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири ҳафта ҳаво номусоид боқӣ монда, боронгариҳои шадид ва фаромадани сел пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.Ин ниҳод бо такя ба Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки дар робита ба боришоти дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо сабаб шавад.Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ба ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ таҳдид мекунад.Ба иттилои манбаъ, тайи ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба сабаби боронҳои пуршиддат омадани сел дар назар аст.Дар робита ба ин кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, ҳаракат дар хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ даст кашанд.Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ дархост кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбурӯғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.Ҳамчунин ба сокинон гуфта мешавад, ки аз оғози боронҳои пуршиддат ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.Ин ниҳод мегӯяд, бо фаро расидани фасли боришот аз ҷониби кумита қисмҳои навбатдорӣ ташкил шуда, ҳамзамон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва фаҳмондадиҳӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220505/oqibathoi-kharobiovari-sel-dar-tojikiston--1048204173.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/62/1022686220_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_78431bcf42dac6b76ddf9022d2b14da7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор кҳф боронҳо сел
Ҳушдори КҲФ аз идомаи боронҳои шадиду хатари селбиёӣ
10:59 06.05.2022 (Навсозишуда: 14:24 06.05.2022) КҲФ мегӯянд, феълан дар минтақаҳое, ки хатари фаромадани сел пешгӯӣ мешавад, қисмҳои навбатдорӣ ташкил ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири ҳафта ҳаво номусоид боқӣ монда, боронгариҳои шадид ва фаромадани сел пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ин ниҳод бо такя ба Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки дар робита ба боришоти дарпешистода ва баланд шудани заминаҳои ҳарорат дар кӯҳҳо обшавии шадиди барф ба амал меояд, ки метавонад боиси эрозияи хок ва ҳаракати онҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо сабаб шавад.
Зикр гардид, ки хавфи селфароӣ бештар ба ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ таҳдид мекунад.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба сабаби боронҳои пуршиддат омадани сел дар назар аст.
"Ҳамзамон болоравии дамои ҳаво метавонад сабабгори лағзиши тарма, резиши санг, ярч ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад. Хатари раъду барқ низ вуҷуд дорад", - афзуд манбаъ.
Дар робита ба ин кумита бори дигар ба сокинону меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, ҳаракат дар хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ даст кашанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ дархост кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбурӯғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ҳамчунин ба сокинон гуфта мешавад, ки аз оғози боронҳои пуршиддат ҷӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Ин ниҳод мегӯяд, бо фаро расидани фасли боришот аз ҷониби кумита қисмҳои навбатдорӣ ташкил шуда, ҳамзамон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва фаҳмондадиҳӣ идома дорад.