https://sputnik.tj/20220506/rustami-emomali-salmon-futbo-tojikro-1048247715.html
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Салмон имрӯзу ояндаи футболи тоҷикро баррасӣ карданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Салмон имрӯзу ояндаи футболи тоҷикро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Конфедератсияи футболи Осиё аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди футбол ва дастовардҳояш изҳори хушнуди карда, гуфтааст барои дастгирии минбаъда омодаи кумак аст
2022-05-06T16:00+0500
2022-05-06T16:00+0500
2022-05-06T16:00+0500
футбол
дар тоҷикистон
кфо
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048247887_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_f34145a830f911052a627584e522008e.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқоти кард. Бино ба иттитои дафтари матбуотии ФФТ, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, бахусус рушди имрӯзу ояндаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд. Рустами Эмомалӣ талошҳои КФО барои рушди футбол ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Осиёи Марказиро баланд арзёбӣ кардааст.Президенти КФо, ки нахустин сафараш пас аз пандемия ба Тоҷикистон аст, аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои оммависозии футбол ва дар давраи пандемия гузаронидани бозиҳои чаҳор гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои занону ҷавонон (U-23) баҳои баланд дод. Ӯ гуфтааст, ки барои дастгии футбол дар Тоҷикистон омода аст ва аз дастовардҳое, ки ФФТ дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, ифтихор мекунад.“Ман медонам, ки шуморо корҳои зиёде аст. Мо ҳамеша дар баратонем, ҳамеша омодаем, ки дар татбиқи нақшаҳои рушди футболи Тоҷикистон ҳамроҳ шавем", - хулоса кард роҳбари футболи Осиё.Ёдовар мешавем, ки 7 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви ин ташкилоти бузурги минтақаии футбол мебошад.
https://sputnik.tj/20220506/shaykh-salmon-dushanbe-futbol-1048228527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048247887_4:0:1432:1071_1920x0_80_0_0_183d108b709a3905b5407aab73cb267b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ шайх салмон мулоқот футбол
рустами эмомалӣ шайх салмон мулоқот футбол
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Салмон имрӯзу ояндаи футболи тоҷикро баррасӣ карданд
Конфедератсияи футболи Осиё аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди футбол ва дастовардҳояш изҳори хушнуди карда, гуфтааст барои дастгирии минбаъда омодаи кумак аст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқоти кард.
Бино ба иттитои дафтари матбуотии ФФТ, ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, бахусус рушди имрӯзу ояндаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Рустами Эмомалӣ талошҳои КФО барои рушди футбол ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Осиёи Марказиро баланд арзёбӣ кардааст.
"Ҳамеша омодаем, ки ҳама гуна ташаббусҳои КФО-ро, ки ба рушди футбол дар минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ намоем", – гуфтааст президенти ФФТ.
Президенти КФо, ки нахустин сафараш пас аз пандемия ба Тоҷикистон аст, аз ташаббусҳои Тоҷикистон барои оммависозии футбол ва дар давраи пандемия гузаронидани бозиҳои чаҳор гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои занону ҷавонон (U-23) баҳои баланд дод.
Ӯ гуфтааст, ки барои дастгии футбол дар Тоҷикистон омода аст ва аз дастовардҳое, ки ФФТ дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, ифтихор мекунад.
“Ман медонам, ки шуморо корҳои зиёде аст. Мо ҳамеша дар баратонем, ҳамеша омодаем, ки дар татбиқи нақшаҳои рушди футболи Тоҷикистон ҳамроҳ шавем", - хулоса кард роҳбари футболи Осиё.
Ёдовар мешавем, ки 7 май дар Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар он роҳбарияти КФО ширкат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 1993 узви ин ташкилоти бузурги минтақаии футбол мебошад.