Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамсолонашон аз Ҳондурас

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана (U-17)
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Дар доираи ин мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон боз бо тими Косово рақобат мекунад. Яккачини кишвар дар пайи як бохту як бурд чаҳор хол ба даст овард
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бозии дуюмашро дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА зидди тими наврасони Ҳондурас бо пирӯзӣ анҷом дод.
Рақобати дастаҳо дар Скопйе (Македонияи Шимолӣ) доир шуда, Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Голҳои яккачини кишварро Абубакр Сулаймонов, Билол Бобоев ва Масрур Ғафуров заданд.

Дар вохӯрии дигари мусобиқа наврасони Македонияи Шимолӣ бар тими Косово дар силсилаи пеналтӣ (вақти асосӣ – 1:1, пеналтӣи – 4:3) ғалаба карданд.
Баъди ду даври мусобиқа се даста – Тоҷикистон, Македонияи Шимолӣ ва Косово чорхолӣ ба даст оварданд.
Президент Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салман бин Ибрагим Аль-Халифа прибыл в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Шайх Салмон дар Душанбе рушди футболро баррасӣ мекунад
Дар даври сеюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Скопйе мунтахаби Тоҷикистон (U-16) рӯзи 8 май бо дастаи Косово вомехӯрад. Бозӣ соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастаҳо бо ҳар кадом дар як давр бозӣ мекунанд - дар маҷмуъ 6 бозӣ баргузор мешавад.
Дар сурати мусовӣ дар охири 90 дақиқа зарбаи пеналтӣ пешбинӣ шудааст. Даста барои пирӯзии вақти муқаррарӣ 3 хол, барои ғалаба дар зарбаи пеналтӣ 2 хол ва барои бохт дар зарбаи пеналтӣ 1 хол мегиранд.
Тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа ширкат дорад.
Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, яккачини Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0