Истиқболи Фирӯз Шамсуддинов дар Хоруғ: ӯ аз Ӯзбекистон бо медали тило баргашт

© Мақомоти шаҳри ХоруғПешвозгирии Фирӯз Шамсуддинов дар шаҳри Хоруғ
Пешвозгирии Фирӯз Шамсуддинов дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дар Қаҳрамонии дастхобонии Осиёи "Искандарӣ", соҳиби мақоми аввал ва медали тило шуд, ки ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Варзишгари тоҷик, мураббии Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ Фирӯз Шамсуддиновро пас аз пирӯзӣ дар ВМКБ намояндагони мақомоти шаҳр истиқбол гирифтанд.
Дар ин бора мақомоти иҷроияи шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки варзишкори тоҷикро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳри Хоруғ Носир Суризода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Кишвар Амришоев, мудири мактаби варзишии шаҳр Азизмамад Айдармамадов, дигар кормандони мактаби варзишӣ ва варзишгарон пазироӣ намуданд.
Фирӯз Шамсуддинов дар Қаҳрамонии армрестлинги Осиё соҳиби медали тило гардидааст.
Ин қаҳрамонӣ авохири моҳи гузашта дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст.
Таджикский спортсмен Фируз Мирзораджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Мирзораҷабов дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд
Дар байни даҳ давлат ҷойи аввал насиби мураббии Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ аз намуди дастхобонии "Искандарӣ" Фируз Шамсуддинов шудааст.
Ахиран Фирӯз Мирзораҷабов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи юнонӣ-римӣ ба поси хотираи Жаксилик Ушкемпиров медали нуқра гирифт.
Ин мусобиқа миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷараён дошт.
Дар ин сабқат Тоҷикистонро 5 паҳлавон намояндагӣ карданд. Яке аз паҳлавонҳои тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило дар даври аввал озод буд ва дар се даври баъдӣ бар ҳарифонаш пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0