Мирзораҷабов дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра шуд

© Национальный олимпийский комитет РТТаджикский спортсмен Фируз Мирзораджабов
Таджикский спортсмен Фируз Мирзораджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Обуна шудан
Аз 5 паҳлавони Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон майдондорӣ карданд, як нафараш бо медал ба Ватан бармегардад
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Фирӯз Мирзораҷабов, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи юнонӣ-римӣ ба поси хотираи Жаксилик Ушкемпиров медали нуқра гирифт.
Ин мусобиқа тайи ду рӯзи охир миёни ҷавонони то 20-сола дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷараён дошт, хабар дод Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон.
Дар ин сабқат Тоҷикистонро 5 паҳлавон намояндагӣ карданд. Яке аз паҳлавонҳои тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило дар даври аввал озод буд ва дар се даври баъдӣ бар ҳарифонаш пирӯз шуд.
Аммо дар даври ниҳоӣ Мирзораҷабов аз паҳлавони кишвари мизбон - Қазоқистон шикаст хӯрда, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Сумайя Қосимова, муштзани тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Чор бонуи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муштзанӣ мекунанд
Чор варзишгари дигари Тоҷикистон – Сиёвуш Ачилов - 63 кило, Шероз Очилов - 72 кило, Султон Саидзода - 72 кило ва Русланҷони Рустамҷон дар вазни 82 кило дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Дар маҷмуъ дар ин мусобиқа зиёда аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат карданд.
Жаксилик Ушкемпиров, ки мусобиқа ба хотири ӯ баргузор шуд, паҳлавони Қазоқистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад, ки унвони қаҳрамони олимпӣ ва қаҳрамони ҷаҳонро дорад. Ӯ соли 1951 дар Қазоқистон таваллуд шуда, соли 2020 дар ин кишвар даргузаштааст.
Дар доираи мусобиқа ба хотири ин паҳлавони номдор ҳамчунин курси омӯзишӣ барои доварон баргузор шуд. Дар омӯзиш ду довари тоҷикистонӣ, Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карда, сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0