https://sputnik.tj/20220506/intiqol-pul-rusiya-tojikiston-garon-1048249183.html
Арзиши рубл дар Тоҷикистон тайи ним рӯз 6,5 сомонӣ афзоиш ёфт
Арзиши рубл дар Тоҷикистон тайи ним рӯз 6,5 сомонӣ афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷиконе, ки дар қаламрави Федератсияи Русия кор мекунанд, бо қурби ғайричашмдошти гарони асъор рӯбарӯ шуданд, ки ҳамагӣ дар ним рӯз боло рафт
2022-05-06T16:30+0500
2022-05-06T16:30+0500
2022-05-06T18:22+0500
иқтисод
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik, Алексей ЮСУПОВ. Қимати пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли чанд соат боло рафтааст. Дар ин бора танзимгари молияи ҷумҳурӣ аллакай ба ташкилотҳои қарзӣ огоҳинома фиристодааст. "Ҳатто субҳи имрӯз аз Бонки миллӣ нома гирифтем, ки дар он қурби рубли интиқолӣ 160,5 сомонӣ барои 1000 рубл буд. Аммо нисфирӯзӣ аз БМТ қурби нав омад, ки он 1000 рублро 167 сомонӣ муқаррар мекард", — мегӯяд директори филиали яке аз банкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ Фирӯз Умарзода. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҷаҳиши шадид ба афзоиши босуръати қурби рубл дар баробари доллар марбут аст ва бонкдор мутмаин аст, ки ин раванд дар ояндаи наздик идома хоҳад ёфт.Ҳамакнун дар тамоми интиқолҳои пулӣ аз Русия тавассути операторони низоми пардохтӣ, ки муҷаввизи кор дар Тоҷикистонро доранд, ба гирандагон 167 сомонӣ барои 1000 рубл дода мешавад. Коршинос имкони дар оянда ба самти боло тағйир ёфтани ин нишондодро истисно накард.“Қариб дар ҳар як хонаводаи тоҷик ҳадди ақал як нафар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, аз ин рӯ вақте ки рубл гарон мешавад, сомонӣ низ гарон мешавад, яъне маблағи интиқоли пулие, ки наздикони маҳаллӣ мегиранд, гаронтар мешавад”, - шарҳ дод Умарзода.Корманди бонк мутмаин аст, ин раванд ба иқтисоди Тоҷикистон ва некӯаҳволии хонаводаҳо таъсир мусбат мерасонад.
https://sputnik.tj/20220505/qurb-dollar-maskav-rubl-pointar-1048219202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон сомонӣ асъор
қурб рубл тоҷикистон сомонӣ асъор
Арзиши рубл дар Тоҷикистон тайи ним рӯз 6,5 сомонӣ афзоиш ёфт
16:30 06.05.2022 (Навсозишуда: 18:22 06.05.2022) Эксклюзив
Тоҷиконе, ки дар қаламрави Федератсияи Русия кор мекунанд, бо болоравии ғайричашмдошти қурби пули русӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки ҳамагӣ дар ним рӯз иттифоқ уфтод
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik, Алексей ЮСУПОВ. Қимати пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли чанд соат боло рафтааст.
Дар ин бора танзимгари молияи ҷумҳурӣ аллакай ба ташкилотҳои қарзӣ огоҳинома фиристодааст.
"Ҳатто субҳи имрӯз аз Бонки миллӣ нома гирифтем, ки дар он қурби рубли интиқолӣ 160,5 сомонӣ барои 1000 рубл буд. Аммо нисфирӯзӣ аз БМТ қурби нав омад, ки он 1000 рублро 167 сомонӣ муқаррар мекард", — мегӯяд директори филиали яке аз банкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ Фирӯз Умарзода.
Ба гуфтаи ӯ, чунин ҷаҳиши шадид ба афзоиши босуръати қурби рубл дар баробари доллар марбут аст ва бонкдор мутмаин аст, ки ин раванд дар ояндаи наздик идома хоҳад ёфт.
"Дар биржаҳои арзии Русия 192 сомонӣ баробар ба 1000 рубл гуфта шудааст, ки табиист, танзимгари молии Тоҷикистон ин далелро бидуни ислоҳи мувофиқ гузошта наметавонист", - афзуд Умарзода.
Ҳамакнун дар тамоми интиқолҳои пулӣ аз Русия тавассути операторони низоми пардохтӣ, ки муҷаввизи кор дар Тоҷикистонро доранд, ба гирандагон 167 сомонӣ барои 1000 рубл дода мешавад.
Коршинос имкони дар оянда ба самти боло тағйир ёфтани ин нишондодро истисно накард.
“Қариб дар ҳар як хонаводаи тоҷик ҳадди ақал як нафар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад, аз ин рӯ вақте ки рубл гарон мешавад, сомонӣ низ гарон мешавад, яъне маблағи интиқоли пулие, ки наздикони маҳаллӣ мегиранд, гаронтар мешавад”, - шарҳ дод Умарзода.
Корманди бонк мутмаин аст, ин раванд ба иқтисоди Тоҷикистон ва некӯаҳволии хонаводаҳо таъсир мусбат мерасонад.